Дар Душанбе ронандаи таксиро бо 42-зарби корд куштаанд

Дар Душанбе ронандаи таксиро бо 42-зарби корд куштаанд
МО ДАР TELEGRAM

Куштори хунин дар яке аз ноҳияҳои Душанбе рух дод, вақте ҷавоне бо сабабҳои номаълум бо корд ба як ронандаи таксии хусусӣ ҳамла кард.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Душанбе мардеро, ки ба қатли бераҳмонаи ронандаи таксӣ дар пойтахт гумонбар дониста мешавад, дастгир карданд, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД ҷумҳурӣ.

Бо гумони куштори ваҳшиёна як сокини 21-солаи деҳаи Истиклол, ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, боздошт шуд.

ВКД хабар дод, ки шоми 15 феврали соли равон гумонбар ба ронандаи автомашинаи Hyundai-Solaris ҳамла кардааст. Ин тақрибан соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

Ронандаи таксӣ як сокини 31-солаи деҳаи Киблаи ноҳияи Рӯдакӣ будааст, ки бо таксиронии хусусӣ машғул аст.

Ҷинояткор ҷабрдидаро бо 42 зарби корд захмӣ карда, сипас аз ҷои ҳодиса фирор шудааст. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ тавонистанд ӯро дастгир кунанд.

Ронандаи такси маҷрӯҳшуда дар ҷои ҳодиса аз ҷароҳатҳои ба ҳаёт номувофиқ ҷон додааст.

Ҳоло ВКД ин далелро таҳқиқ карда, ангезаҳое, ки сабаби чунин бераҳмона рафтор кардани ҷавонписар шудааст, ошкор мекунад.

Баҳогузорӣ кунед
Комментария нависед

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!: