Дар Душанбе масъалаҳои тайёр намудани мутахассисони фанни назарияи мусиқӣ баррасӣ шуданд

15.03.21.212 март соли 2021 бо иштироки муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Роҳҳои навсозии омӯзиши назарияи мусиқӣ» баргузор гардид.

Ҳамоиш бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардида, дар он масъалаҳои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа ва пайдо кардани тарзу усулҳои нави омӯзиши фанни назарияи мусиқӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ зикр намуд, ки “масъалаи омӯзиши фанни назарияи мусиқӣ дар замони муосир, муайян кардани сатҳи дониши назариявии хоандагон ва донишҷӯён оид ба санъати мусиқӣ дар муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати мамлакат яке аз мавзӯъҳои асосӣ дониста мешавад. Донишкада талош дорад, ки барои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда оид ба роҳҳои навсозии омӯзиши назарияи мусиқӣ, инчунин омода намудани мутахассисони ин соҳа ва донишҷӯён барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ  пешниҳодҳои нав манзур намояд».

Ба гуфтаи муовини Вазири фарҳанги мамлакат, “бояд ба назар гирифт, ки дар мамлакат муассисаҳои таълимии ба санъати мусиқӣ рабтдошта зиёданд. Аз ин лиҳоз, мо ба кадрҳои баландихтисоси соҳа ниёз дорем. Пӯшида нест, ки дар баъзе ҳолатҳо дар муассисаҳои таълимӣ устодоне, ки аз рӯи ҳамин ихтисос дарс диҳанд, намерасанд. Албатта, ин ба самаранокии раванди таълим таъсири манфӣ мерасонад. Сабабҳои воқеӣ низ ҳастанд- набудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ аз фанҳои назарияи мусиқӣ, гармония ва таърихи мусиқӣ, ки бояд ҳал шаванд».

Манучеҳр Шарифзода зикр кард, ки Вазорати фарҳанг чопи дастурҳои таълимиро аз рӯи фанҳои назарияи мусиқӣ ба нақша гирифтааст ва барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар интиҳо пешниҳоду дархостҳои иштирокдорон матраҳ гардида, барои дар амал татбиқ намудани онҳо мутахассисони соҳа муваззаф шуданд.

Мо дар Telegram