Дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ оид ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид

Дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ оид ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид5 феврали соли 2021 дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26 январи соли 2021 чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ нақш ва мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади роҳнамо ва муҳиму сарнавиштсоз аз ҷониби роҳбарияти Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ба таври мушаххас шарҳ дода шуд.

Аз ҷумла, бо ишора ба Паёми Президенти мамлакат таъкид гардид, ки новобаста аз паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва буҳрони шадиди иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар умум, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон чорабиниҳои судманд амалӣ гардида, натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд.

Дар қатори дигар иқдому ташаббусҳои созандаашон Пешвои муаззами миллат бо мақсади дастгирии иҷтимоии ятимон, нафақахӯрону маъюбон, кишоварзон ва дар умум беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар дастур доданд, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи кӯдакони маъюб ба андозаи 20 фоиз ва нафақаи маъюбони гурӯҳи якум 50 фоиз баланд бардошта шуда, дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе барои ятимони кулл се мактаб – интернати Президентӣ бунёд карда шавад. Инчунин, тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда мешаванд. Ин имтиёзу дастгириҳои навбатии Сарвари давлат боиси хушҳолӣ ва руҳбаландии тамоми сокинони мамлакат гардид.Дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ оид ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид

Зимнан, дар чорабинӣ кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, ки аз Паёмашон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат бармеоянд, тадбирҳои зарурӣ андешида, дар рушду пешрафти Ватани маҳбубамон саҳми худро гузоранд.

 Дар фарҷом дигар ширкаткунандагон низ доир ба моҳияти Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

Мо дар Telegram