Дар бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 Тоҷикистон – Муғулистон то 10 ҳазор мухлисон метавонанд иштирок кунанд

Бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Муғулистон бо иштироки мухлисон баргузор мегардад. Бо мувофиқа бо ФИФА бозиро то 10 ҳазор мухлисон метавонанд дар варзишгоҳ тамошо кунанд.

Бозии интихобии ҶҶ-2022 миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Муғулистон рӯзи панҷшанбе, 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 18:00 дар назар аст. Арзиши чиптаҳо дар ҳаҷми 20 сомонӣ муайян шудааст.

Қайд менамоем, ки тими миллии Тоҷикистон омодагии худро барои рақобат зидди дастаи Муғулистон 19-уми март дар Душанбе оғоз мекунад.

Мо дар Telegram