Дар Бадахшон ба шарафи Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъомади идона доир шуд

18.03.21.1Наврӯз ҷашнест, ки маҳаки инсонгароӣ дошта, мардумро ба накӯкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, кумак ба ниёзмандон, ободонӣ, хайру сахо, ҳурмату эҳтиром, покиву тозагӣ, сарсабзию шукуфоии табиат даъват менамояд ва ба ҳар иқдоми нек замина мегузорад. Ин нуктаро Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов зимни иштирок дар ҷамъомади идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хоруғ иброз дошт.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  ҳамоиши идона кормандони идораи телевизион ва радиои вилоят, Рӯзноми «Бадахшон», «Почтаи тоҷик» ва дигарон иштирок намуданд.

Раиси вилоят баëн дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавҳари инсонпарастии ин ҷашни ниёгонро хосатан таъкид намуда, гуфтаанд: «Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд».

-Ин масъала, хусусан дар замони мо, ки инсоният бар асари равандҳои ҷаҳонишавӣ ва гармшавии иқлим бо мушкилоти бесобиқа рӯ ба рӯ омадааст, аҳамияти фавқулода муҳим пайдо намудааст, — афзуд Ёдгор Файзов.

Дар фарҷоми ҳамоиш бо иштироки ҳунармандони маъруф барномаи фарҳангӣ манзур гардид.

 

АМИТ «Ховар»

Мо дар Telegram