COVID-19: Тоҷикистон тибқи як барномаи байналмилалӣ соҳиби 732 доза воксани AstraZeneca хоҳад шуд

COVID-19: Тоҷикистон тибқи як барномаи байналмилалӣ соҳиби 732 доза воксани AstraZeneca хоҳад шуд

Бист кишвари олам дорандагони беш аз як миллион гирифторон ба коронавирус мебошанд. Ахиран ба ин рӯйхат Ҷумҳурии Чех дохил шуд ва рӯзҳои наздик Нидерландия низ шомили ҳамин рӯйхат хоҳад шуд. 80 дарсади мубталоён ба коронавирус дар ҳамин 20 кишваранд.

Вазири тандурустии Олмон Йенс Шпан изҳор дошт, ки эҳтимолан дар ин кишвар тавлиди воксани зидди коронавируси истеҳсоли Русия дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо оғоз шавад. Вазири тандурустии Олмон, ки дар як нишасти матбуотӣ сухан мегуфт, изҳор дошт, ки ҳар воксане, ки бехатар аст ва муассир, бояд барои истифода иҷозат шавад.

Вазорати тандурустии Финландия ба ҳама сокинони аз 70-сола боло воксанкунӣ бо воксани британиёии AstraZenecaро манъ кард.

Дар Британияи Кабир гуфтанд, ки гунаҳои коронавирус дар олам ба 4 ҳазор хоҳад расид. Ин ширкатҳои дорусозиро водор месозад, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳои таъсири воксанҳо бошанд. 

Дар Булғористон мактабҳо ва гимназияҳо дарҳои худро ба рӯи хонандагонашон боз мекунанд. Аввал ба мактаб хонандагони синфҳои 7, 8 ва 12 бармегарданд. Баъди ду ҳафта онҳо дубора ба таҳсили фосилавӣ бармегарданд ва ба ҷойи онҳо хонандагони синфҳои дигар хоҳанд нишаст. Баъди ним моҳ боз онҳо ҷой иваз хоҳанд кард. 

Шумори гирифторон ба коронавирус дар Туркия дар як шабонарӯз ба 7909 нафар расид.

Кувайт вуруди хориҷиён ба кишварро ба сабаби сироят ба коронавирус боздошт. Ин маҳдудият ду ҳафта идома хоҳад кард.

Раиси парламони Эрон ба Москав меравад, то дар мавриди тавлиди воксани русии зидди коронавирус дар Эрон гуфтушунид кунад.

Исроил ният дорад аз моҳи март зина ба зина гардишгарии байналмилалиро аз сар гирад. Аммо марзҳо ба таври куллӣ шояд баъди нимсолаи аввал боз шаванд.

Шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар қораи Африқо ба 3,6 миллион боло рафтааст. Бар асари ин беморӣ дар ин қисмат аз кураи Замин 92 909 нафар фавтидаанд.

Дар як шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 1 280 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-10 сабт шудааст.

Ба оқибатҳои ҳамагирӣ нигоҳ накарда ҳамоно 51% сокинони Қирғизистон ба ин назаранд, ки хатари коронавирус воҳима аст.

То 5 феврал дар Ӯзбекистон 78 916 нафар мубтало ба коронавирус шуданд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон 732 ҳазор доза воксани коронавируси тавлиди ширкати AstraZeneca-ро хоҳад расонд. Ин кумак дар доираи барномаи COVAX сурат мегирад.  То охири соли 2021 дар доираи барномаи ёдшуда ин созмон 2 миллиард доза воксан тақсим хоҳад кард, аз ҷумла 1,3 миллиард доза ба кишварҳое фиристода хоҳад шуд, ки даромади паст доранд.  

Бино ба гузориши СММ кишварҳое чун Озарбойҷон, Арманистон (146 ҳазор доза), Гурҷистон  (185 ҳаз.), Қирғизистон (504 ҳаз.), Молдова (156 ҳаз.), Украина (2,2 млн.) ва Ӯзбекистон (2,6 млн) воксани AstraZeneca дарёфт хоҳанд кард. Гурҷистон, Молдова ва Украина илова ба ин боз  ба миқдори 29 ҳазор, 25 ҳазор ва 117 ҳазор доза воксани  Pfizer низ дарёфт мекунанд. Қарор аст аз охири моҳи феврал ин воксанҳо ба кишварҳои номбурда расанд. 

барчасп: 
Мо дар Telegram