Covid-19: Таҳлигарони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иддиои Вашингтон дар мавриди парваришӣ будани вируси коронаро рад карданд

Covid-19: Таҳлигарони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иддиои Вашингтон дар мавриди парваришӣ будани вируси коронаро рад карданд

Шумори мубталоён ба вируси корона дар олам ба 107 миллиону 915 ҳазору 640 нафар ва ҷонбохтагон ба 2 миллиону 366 ҳазору 880 нафар арсидааст. Аз ин беморӣ то кунун 80 миллиону 84 ҳазору 169 нафар муолиҷа ёфтанд ва 101 ҳазору 935 нафра дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дафтари матбуотии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ навиштааст, ки сарфи назар аз коҳиши сироятёфӣтагони нав ба кронавирус дар олам хатари густариши штаммҳои нави он, аз ҷумла гунаҳои британиёӣ, Африқои Ҷанубӣ, ҷопонӣ, бразилӣ аз байн нарафтааст. Таҳлилгарон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки мутатсияи вирус дар даҳҳо кишвар мушоҳида шудааст. Чунончӣ, гунаи британиёии он ҳоло дар 86 кишвраи олам ба қайд гирифта шудааст. Навъи африқоиҷанубии онро дар 44 ва бразилиро дар 15 мамлакати олам сабт кардаанд.  Бо вуҷуди ин ҳафтаи чорум аст, ки сироят ба ин вирус дар олам  рӯ ба коҳиш меорад.

Таҳлилгарони СҶТ, ки дар Вуҳони Чин сабабҳои ҳамагирии КОВИД-ро меомӯзанд, ба даъвои Вашингтон, ки бори дигар дар мавриди фарзияи ҳукуматдорони Чин ба шубҳа нигарист, посухи қотеъ доданд. ИМА замоне эътироз кард, ки ин коршиносон натиҷаҳои санҷиши худро ошкор карданд. Онҳо ба таври қотеъ ин иддиоро, ки гӯё вирус дар кадом озмоишгоҳи Чин парвариш ва паҳн карда шуда бошад, рад карданд. Вашингтон ба шаффофияти ин таҳқиқот шубҳа дорад ва маълумоти гирдомадаро нокифоя медонад.

Олмон тасмим гирифт то 14 март локдаунро тамдид кунад. рӯзи чоршанбе канслери Олмон Ангела Меркел ва сарварони 16 заминҳои федералӣ ин масъаларо баррасӣ карданд.

Дар қаламрави Британияи Кабир карантини шадид идома дорад. Ахиран ин кишвар рӯйхати 33 мамлакати оламро интишор дод, ки ба муҷарради аз онҳо баргаштан омадагон ҳатман дар меҳмонхонаҳои махсус муҳлати карантинро мегузаронанд, на дар хонаҳояшон, чуноне пештар буд. Дар ҳоли саркашӣ аз будубош дар меҳмонхона ва нақзи шартҳои худинзивоъ 10 ҳазор фунт ҷарима мешаванд ва ё ба муҳлати 10 сол зиндонӣ.  

Туркия гуфт, ки омода аст дар сурати мусбат анҷом шудани санҷишҳо воксани русии «Спутник V»-ро ба қайд гирад.   

Баҳрайн воксани русии «Спутник V»-ро ба қайд гирифт.  

Биологҳои молекулярӣ дар як ғоре воқеъ дар шарқи Таиланд дар хуни хуффошҳо ҳиссаҳои коронавирусро кашф карданд, ки аз рӯи сохтор ба геноми SARS-CoV-2 ва пешгузаштаҳои эҳтимолии он шабеҳ аст.

Аз имрӯз, панҷшанбе дар Юнон чораҳи шадиди зиддикороонавӣ ҷорӣ мешавад ва ин бештар ба шаҳри Афина дахл хоҳад дошт. Сарвазири Юнон Кириакос Митсотакис изҳор дошт, ки кишвар бидуни шак ба мавҷи сеюми ҳам агирии коронавирус печидааст.  

Муғулистон эълон кард, ки аз имрӯз, 11 феврал то 23 феврал дар саросари кишвар карантини шадид эълон хоҳад кард. 

 Дар Русия баъди 17 октябри соли гузашта бори аввал камтар аз 15 ҳазор сироятшудаи нав дар як шабонарӯз ба қайд гирифта шуд. То ба имрӯз шумори умумии мубталоён ба 4 миллиону 012 ҳазору 710 нафар расидааст.

Ноиби сардори хадамоти санитарии Ӯзбекистон Ботир Қурбонов изҳор дошт, ки эмкунии сар тосарӣ ба коронавирус аз моҳи март оғоз мешавад ва то охири сол қарор аст 7 миллион нафар  ё худ 20% аҳолӣ эм карда шаванд. 

Як гурӯҳ мутахассисони Роспотребнадзори Русия ба Тоҷикистон меоянд, то вазъи эпидемиологиро дар кишвари мо арзёбӣ кунанд. Дар ин бора 9 феврали соли равон хадамоти матбуотии ҳукумати Федератсияи Русия хабар дод. Аз натиҷаи ин диду боздид мутахассисони Роспотребнадзор барои ситоди пешгирӣ аз коронавирус дар қаламрави Русия маърӯза омода месозанд. Ин қарор баъди мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷонишини Раиси Ҳукумати Русия Алексей Оверчук, ки дар доираи ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ дар Москав баргузор шуд, эълон гардид. 

барчасп: 
Мо дар Telegram