Covid-19: Шумори мубталоён дар олам ба 106 миллион наздик мешавад

Covid-19: Шумори мубталоён дар олам ба 106 миллион наздик мешавад

Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба  105 миллиону 957 ҳазору 358 нафар расид ва бар асари ин беморӣ то кунун 2 миллиону 310 ҳазору 170 нафар ҷон бохтанд. Дар як шабонарӯз 231 904 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд ва 7 612 нафар фавтиданд. Теъдоди пурра муолиҷашудагон ба 77 миллиону 747 ҳазору 724 нафар расидааст. Ҳоло дар беморхонаҳои олам 105 ҳазору 618 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Кишварҳое, ки беш аз ҳам а мубтало ба КОВИД-19 доранд:

ИМА — 27 407 324  

Ҳинд — 10 815 222  

Бразилия —9 449 088   

Русия — 3 951 233   

Британияи Кабир — 3 911 573  

Фаронса — 3 296 747.

Зуҳури навъҳои нави коронавирус сабагори он мешаванд, ки воксанҳо зидди ин беморӣ пайваста нав карда шаванд. Дар ин бора Канслери Олмон Ангела Меркел дар суҳбат дар шабакаҳои телевизионии RTL ва NTV изҳори назар намуд. Сарвари Олмон ҳамчунин гуфт, ки то ҳол ин маълумот дастрас нест, ки ин вирус  то чӣ андоза мутатсия мешавад. Вай гуфт, ки метавон баъди воксанкунии саросарӣ эътидоли вазъро интизор шуд.

Сербистон  ба истеҳсоли воксани зидди короонавируси “Sputnik V” оғоз намуд.

Вазорати тандурустии Лубнон низ ахиран ба истифодаи воксани русии  «Спутник V» иҷозат дод.

В Туркия 7901 сироятшудаи нав сабт шуд ва шабонарӯзи гузашта 110 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтанд.

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар қораи Африқо 17 974 мубталои нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва шумори умумии сироятшудагон дар ин минтақа ба 3 627 442 нафра расид. Ба панҷгонаи аввали сироятёфтагон дар миёни давлатҳои ин қора Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Марокаш, Тунис, Миср ва Эфиопия дохилан.

Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Ван Вэнбин дар ҷамъбасти натиҷаҳои пажӯҳиши фиристодагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳори хушбинӣ кард, ки кишварҳои дигар низ аз ташаббуси Пекин пуштибонӣ мекунанд ва ҳайати коршиносони байналмилалиро барои таҳлилу ташхиси сарчашмаҳои густариши коронавирус даъват хоҳанд кард. Чин чунин меҳисобад, ки муайян кардани насаби вирус талаби илм аст ва барои ин як таҳқиқоти фарогир бояд анҷом шавад.

Украина тасдиқи расмии ворид карда шудани 12 миллион доза воксани истеҳсоли ширкатҳои AstraZeneca ва Novavaxро дарёфт кард.

Донишмандони шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Русия антитела бар зидди  SARS-CoV-2-ро кашф карданд, ки ин гунаи коронавирусро назар ба он антитела, ки президенти пешини Амрико Доналд Тромпро табобат карда буд, зудтар “безарар” гардонад. Дар ин бора сарвари АИ Русия Александр Сергеев хабар дод.  Яке аз самтҳои асосии сохтани доруи зидди COVID-19 ҷустуҷӯи антитела-молекулаҳои бартарафкунандае буд, ки системаи иммунии ҳуҷайраҳо дар посух ба вуруди вирус ба бадан ҳосил мекунад. Олимон талош мекунанд онҳоро ба “коктейли” доруворӣ ҳамроҳ кунанд.

Зарфи 24 соати охир дар Қазоқистон 1186  сиротяшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. 

Ҳукумати Чин тасмим гирифт ба Қирғистон воксани тавлиди ин кишварро ройгон диҳад. Ҳамаи масъалаҳо вобаста ба интиқоли воксан хеле ба зудӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд.

6 феврали соли 2021 дар Қирғизистон теъдоди мубталоён ба коронавирус ба  84920 нафар расид ва Ӯзбекистон аз сирояти 78 989 нафар аз аввали пандемия хабар дод.

Пойгоҳи низомии Русия мустақар дар Тоҷикистон миқдори дуюми воксани коронавирус «Спутник V»-ро дарёфти мекунад. Дар ин бора фармондеҳи неруҳои ҳарбии Марказии ФР генерал-полковник Александр Лапин хабар дод. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки бахши аввали воксанро ҳанӯз моҳи январ ба пойгоҳи низомӣ ворид карда буданд. 

барчасп: 
Мо дар Telegram