Covid-19: Шумори гирифторон дар олам ба 109 миллион наздик мешавад. Беш аз 2 миллиону 395 ҳазор ҷон бохтаанд

Covid-19: Шумори гирифторон дар олам ба 109 миллион наздик мешавад. Беш аз  2 миллиону 395 ҳазор ҷон бохтаанд

Аз аввали ҳамагирӣ дар олам 108 миллиону 778 ҳазору 502 нафар олудаи ба вируси корона шудаву аз он 2 миллиону 395 ҳазору 405 нафар ба ҳалокат расидаанд. Шумори пурра муолиҷашудагон ба 80 миллиону 952 ҳазору 660 нафар расидааст ва ҳоло дар бемористонҳои олам 99 888 нафар дар ҳоли фазнин қарор доранд. Дар Тоҷикистон чун рӯзҳои пеш ягон ҳодисаи сироят ба ин вирус ба қайд гирифта нашдааст.

Воксани русии «Спутник-V» дар сегонаи воксанҳои олам аст, ки кишварҳои зуёде онро пазируфтаву мавриди истифода қарор медиҳанд. Ҳоло ин воксан дар 26 кишвари Аврупо, Амрикои Лотин, Ховари Миёна, Африқо, Осиё ва Амрикои Шимолӣ ба қайд гирифта шудааст. Аммо дар ҷойи аввал аз нигоҳи шумори кишварҳои қабулкарда воксани Pfizer, ки дар айни замон дар 35 кишвари олам мавриди истифода қарор дорад. Дар ҷойи дуюм воксани AstraZeneca мебошад, ки онро 31 мамлакати олам қабул кардааст.  «Спутник V»-и тавлиди Русия дар айни замон аз воксанҳои Moderna ва чиниҳои Sinopharm, Sinovac, CanSino пеш аст.

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон боз 7,3 сироятёфтаи нав ба қайд гирифта шудааст ва аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар бештар аз 1,5 миллион нафар олудаи ин вирус шуданд. 

Филиппин ба кинотеатрҳо ва муассисаҳои дилхӯшӣ иҷозат медиҳад, ки фаъолияти худро аз сар гиранд.

Бонки умумиҷаҳонӣ барои муборизаи Муғулистон бар зидди коронавирус 50,7 миллион доллар кумак ҷудо мекунад. Ин кумаки иловагӣ ба мақомоти ин кишвар имкон фароҳам хоҳад овард на камтар аз 60 дарсади аҳолӣ зидди КОВИД-19 эм карда шаванд.

Шабонарӯзи гузашта дар қувваҳои мусаллаҳи Украина 41 ҳодисаи сироят ба коронавирус SARS-CoV-2 сабт шудааст. Дар айни замон аз ин беморӣ 546 кормандони мақомоти қудратӣ ранҷ мебаранд. Аз аввали ҳамагирӣ 43 нафар аз ҷумлаи кормандони мақомоти қудратӣ фавтидаанд. 

Ҳукумати Латвия қуюди шабгардиро барои рӯзҳои истироҳат лағв кард.

Вазорати тандурустии Белорусия истифодаи воксани русии «Спутник V»-ро барои афроди аз 60-сола боло иҷозат дод.

Ӯзбекистон ба фаврӣ шаҳодатномакунонии воксани «Спутник V» оғоз кард ва ин метавонад 15-20 рӯз давом кунад. Баъди ин воксанро метавонанд истифода кунанд.

барчасп: 
Мо дар Telegram