COVID-19: Шумори гирифторон дар олам аз 107 ва ҷонбохтагон аз 2,3 миллион гузашт

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам аз 107 ва ҷонбохтагон аз 2,3 миллион гузашт

10 феврали соли 2021 шумори сироятшудагон ба вируси корона дар олам 107 миллиону 464 ҳазору 067 нафар эълон шуд. Аз ин беморӣ аз аввали ҳамагирӣ 2 миллиону 352 ҳазору 846 нафар фавтиданд. Ҳоло дар олам 102 ҳазору 648 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Дар Британияи Кабир боз як штамми нави вируси корона кашф шуд. Ҳоло дар ин кишвар чор мутатсияи вирус ба қайд гирифта шудааст, ки ба навъи мутатсияҳои “нигаронкунанда” дохил шудаанд.

Вакилони Маҷлиси миллии Фаронса лоиҳаи қонун дар бораи тамдиди низоми ҳолати фавқулодаи беҳдоштӣ дар кишварро то 1 июни соли равон тасдиқ намуданд.

Дар Италия дар “мавҷи дуюми воксанкунии аҳолӣ” аз коронавирус муаллимони мактабҳои миёнаву олӣ ва дигар кормандони ин муассисаҳо эм карда мешаванд. 

Сатҳи беморӣ дар Олмон бори аввал зарфи се моҳи охир поин рафт ва 75 нафар ба 100 ҳазор нафарро ташкил дод.  

Дар Нидерландия қуюди шабгардӣ то якуми март тамдид шуд.

Раёсати назорати воситаҳои дорувории Покистон истифодаи воксани русии «Спутник V»-ро пазируфт.

Воксани зидди коронавирус «Спутник V» – ро вазорати тандурустии Муғулистон ба қайд гирифт.

Гурӯҳи таҳлилгарони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки дар Вуҳони Чин саргарми омӯзиши хуруҷи вируси корона мебошанд, амалан он фарзияро, ки ин вирус метавонист аз озмоишгоҳи Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти сироятӣ хориҷ шавадро истисно карданд. Таҳлилгарони СҶТ ба ин натиҷа расиданд, ки SARS-CoV-2 метавонист бо воситаи соҳиби мобайнӣ, яъне аз ҳайвонот гузарад. Аммо ин ҳайвон маҳз кадом аст ва аз куҷо он ба инсон сироят кардааст. Ҳамоно “гумонбарон” ҳамон панголин ва хуффошанд.

Ҳукумати Ҷопон барои кумак ба он соҳаҳои иқтисод, ки бар асари ҳамагирӣ зарар диданд, 1,14 трилион иен (наздик ба 11 миллиард доллари ИМА) ҷудо кард.  

Сарвазири Литва эълон кард, ки ин кишвар аз воксани русии «Спутника V» истифода нахоҳад кард.

Озарбойҷон дар мавриди аввалин таҳқиқоти ду воксани баҳамовардашуда: «Спутник V» ва AstraZeneca иҷозат дод.

Вазорати тандурустии Белорусия хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ амалан воксанкунии кормандони тиб ба анҷом расид. Барои ин аз воксани русии «Спутник V» истифода шуд. Ҳоло эмкунии кормандони бахши маорифи кишвар оғоз хоҳад шуд.

Қазоқистон шабонарӯзи гузашта 918 сироятшудаи нав ба коронавирусро ба қайд гирифт.  Аз аввали ҳам агирӣ дар ин кишвар 197 033 нафар ба вируси корона олуда шуданд.

Зарфи як шабонарӯзи сипаришуда дар Қирғизистон 58 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19 сабт шуд.

Шумори гирифтрон ба коронаиврус дар Ӯзбекистон аз оғози ҳамагирӣ ба 70 204 нафар расид.

барчасп: 
Мо дар Telegram