Covid-19: Шумори гирифторон ба 104 миллион наздик мешавад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз пайи ҳам коҳиш ёфтани навсироятшудагон зарфи 3 ҳафтаи охир хабар дод

Covid-19: Шумори гирифторон ба 104 миллион наздик мешавад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз пайи ҳам коҳиш ёфтани навсироятшудагон зарфи 3 ҳафтаи охир хабар дод

Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам субҳи имрӯз  103 миллиону 945 ҳазору 393 нафар ва фавтидагон 2 миллиону 248 ҳазору 089 нафар эълон гардид. Шабонарӯзи гузашта боз 181 ҳазору 978 нафар сироят шуданд ва 4 549 тан ҷон бохтанд. Аз коронавирус 75 миллиону 778 ҳазору 173 нафар пурра муолиҷа шуданд.

Кишварҳое, ки сироятшудагони бештар доранд:

ИМА — 26 911 375  

Ҳинд — 10 767 206

Бразилия — 9 230 016    

Русия — 3 868 087

Британияи Кабир — 3 835 783

Фаронса —3 201 461.

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус хабар дод, ки шумори гирифторони нав ба вируси корона се ҳафтаи охир пайваста рӯ ба коҳиш меорад. 

Воксани аз коронавирусро рӯзи 1 феврал 26,5 миллион сокинони ИМА дарёфт карданд. Иддае дозаи аввал ва иддае ду дозаро қабул кардаанд.

Ҳукумати Дания, ки моҳи декабри соли гузашта маҳдудиятҳои шадиди зиддикоронаӣ ҷорӣ карда буд, ҳоло тасмим гирифтааст, ки тадриҷан лағв кунад. Тибқи қарори ҳукумат мактабҳо аз нав дарҳои худро боз хоҳанд кард. Аз 8 феврали соли равон мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои хонандагони синфҳои 1-4 боз мешаванд.

Дар Туркия зарфи 24 соати охир 7719 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Исроил эълон кард, ки то ба имрӯз аз 7 154 25 нафар сокинони ин кишвар, ки ҳарду воксанро гирифтаанд, 317 нафар ё 0,04% олудаи коронавирус шуданд ва ҳамагӣ 16 нафари онҳо дар беморхонаҳо бистарӣ шуданд. Охири соли гузашта ширкати  Pfizer баъди анҷоми озмоишҳои воксани худ эълон карда буд, ки ин дору 92% муассир аст.

Дар Литва аввалин ҳодисаи сироят ба штамми британиёии коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Шумори нав сироятшудагон ба КОВИД-19 дар Русия зарфи як шабонарӯзи гузашта 17 648 нафар эълон шуд.

Зарфи 24 соати гузашта дар Қазоқистон 1 161 ҳодисаи нави сироят ба вируси корона сабт шудааст, се нафар аз ин беморӣ фавтидаанд ва теъдоди ҷонбохтагон аз аввали пандемия ба 1161 нафар расидааст.

Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфтааст, ки аз ҳукумати кишвар барои омодагӣ ба мавҷи сеюми эҳтимолии коронавирус дастур гирифтааст. То имрӯз дар Қирғизистон 84 588 нафар олуда ба КОВИД-19 шуданд.

Ҳангоми санҷиши марҳилаи охири воксани чинии зидди коронавирус дар Ӯзбекистон ихтиёриёни бештаре ширкат хоҳанд кард. То 2 феврали соли 2021 дар Ӯзбекистон 78 755 ҳодисаи сироят ба  Covid-19 ба қайд гирифта шудааст.

Масҷидҳои Тоҷикистон дарҳои худро ба рӯи намозгузорон боз карданд. Ҳукумати Тоҷикистон ахиран эълон кард, ки соли гузашта дар маҳбасҳои кишвар 11 нафар зиндониён аз илтиҳоби шуш ҷон бохтанд. Аммо бино ба гуфтаи вазири адлияи кишвар Музаффар Ашуриён ягон ҳодисаи марг бар асари сироят ба коронавирус дар зиндонҳо сабт нашуд.

барчасп: 
Мо дар Telegram