COVID-19: Президенти Сурия Асад ва ҳамсараш Асмо низ ба КОВИД-19 мубтало шуданд

COVID-19:   Президенти Сурия Асад ва ҳамсараш Асмо низ ба КОВИД-19 мубтало шуданд

Аз ҳамагирии коронавирус дар олам беш аз дигарон ва бештар аз мардон занон ҷабр диданд. Дар ин бора рӯзи 8-марти соли равон Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  Тедрос Аданом Гебрейесус хабар дод. Ӯ гуфт, ки дар ин беморӣ бештар занон талаф шудаанд. Аз сӯйи дигар мушкилоти аслии хонаводагӣ дар иртибот ба беморӣ, аз ҷумла, парастории кӯдакону пирсолон низ сарбори мушкили бонувон буд. Директори барномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода Майкл Райан изҳор дошт, ки эмкунии сартосарии аҳолӣ ба маънои он нест, ки оламиён даст аз чораҳои беҳдоштӣ бардоранд. Аз даст додани ҳушёрӣ ба метавонад ба кишварҳо “авҷи мавҷи сеюму чорумро” орад.

Комиссияи Аврупо ният дорад лоиҳаи “шиносмномаҳои эмшудагон”-ро рӯзи 17 март ба Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод кунад. Аммо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд дар айни замон зарурати он вуҷуд надорад, ки шиносномаҳои эмшудагонро дар саросари олам ҷорӣ кунанд.

Олмон чораву тадбирҳои зиддикоронаиро тадриҷан лағв мекунад. Аз рӯзи душанбе ба минтақаҳо иҷозат дода шуд, ки мағозаҳои ғайри маводи ғизоӣ, китобфурӯшиҳо, осорхонаҳо, галареяҳо, мағозаҳои гулфурӯшӣ, бозорҳои тиҷорати ниҳолҳо ва мактабҳои ронандагиро боз кунанд. 

Дар Испания  ва дар як қатор кишварҳои дигари Аврупо ҳамагирии коронавирус ва низоми худинзивоъ боиси коҳиши зоиш шудааст.

Парламони Финляндия рӯзи душанбе аз сабаби бад шудани вазъи сироят ба коронавирус дар саросари кишвар тарабхонаҳо ва барҳоро баст.

Даҳҳо нафар фоҳишаҳо дар Белгия даст ба тазоҳурот заданд, то таваҷҷуҳи ҳукуматдоронро ба мушкилоти худ, ки бар асари коронавирус ва ҷорӣ шудани низоми карантину худинзивоъ ба вуҷуд омадааст, ҷалб кунанд. 

Дар Австрия аввалин ҳодисаи сироят ба штамми “бразилии” коронавирусро ошкор кардаанд.

Дар Сурия президенти ин кишвар Башор Асад ва ҳамсараш Асмо гирифтори коронавирус шуданд.   

Аз аввали моҳи апрели соли равон давраи карантин барои хориҷиёне, ки худро зидди коронавирус эм кардаву ба Таиланд меоянд, аз ду ҳафта то 7 рӯз коҳиш дода мешавад.  

Ҷопон ба воксанкунии қувваҳои мусаллаҳи худ оғоз кард. Баъдан қарор аст 36 миллион сокинони аз 65-сола болои ин кишвар эм карда шаванд. 

Зарфи як шабонарӯз дар Русия 10 253 ҳодисаи сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ин пасттарин нишондиҳанда аз 3 октябри соли гузашта мебошад. Суръати афзоиши сироят дар ин кишвар ӣл 0,24 дарсад коҳиш ёфтааст.

Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон боз 653 сироятшудаи нав ба КОВИД-19 сабт шуд. 

Дар Қирғизистон боз 33 мубталои нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Дар Ӯзбекистон бошад аз 43 гиифтори нав ба КОВИД-19 хабар доданд. 

барчасп: 
Мо дар Telegram