COVID-19: Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд набояд занҷираи ҷаҳонии тақсими воксан гусаста шавад

COVID-19: Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд набояд занҷираи ҷаҳонии тақсими воксан гусаста шавад

Роҳбарони Иттиҳояи Аврупо ба қароре омаданд, ки ба содироти воксанҳо ва қисматҳои онҳо мамнуъият ҷорӣ накунанд. Баъди ҷаласаи рӯзи панҷшанбе онҳо изҳорот пахш карданд, ки набояд занҷираҳои ҷаҳонии воксанрасонӣ гусаста шаванд. Пештар ИА таҳдид карда буд, ки ба хотири аввал бо воксан таъмин кардани аҳолии Аврупо содироти онро ба қаламрави дигар кишварҳо манъ мекунад. Ин дар навбати аввал ба ширкати дорусозии AstraZeneca дахл дошт, ки интиқоли воксан ба кишвраҳои узви Иттиҳодияи АПврупоро ба таъхир меандозад.

Олмон рӯзи ҷумъа Фаронсаро минтақаи хатар эълон кард. Мусофироне, ки аз Фаронса ба Олмон меоянд, бояд натиҷаи манфии тести худ ба коронавирусро нишон диҳанд. Дар фурудгоҳ ин аснодро талаб мекунанд, дар дохили шаҳрҳо тафтишҳои ногаҳонӣ низ онҳоро интизор аст.

 19 минтақаи Фаронса дар карантини шадид фарор гирифта шудааст. Беш аз 4700 беморони гирифтори коронавирус дар бахшҳои эҳёгарии бемористонҳо бистарианд. Дар Порис ва навоҳии атрофи он вазъ боз ҳам муташанниҷтар аст. Ба ҳар 100 ҳазор сокин 600 ҳодисаи мубталоӣ ба коронавирус рост меояд. 

Ҳукумати Латвия пешниҳоди тамдиди карантин дар саросари кишвар то 30-уми апрелро тасдиқ кард.

Чин бастаҳои аввали воксани зидди COVID-19-ро ба Молдова ирсол мекунад.

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 9167 гирифтори нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. То ба имрӯз шумори мубталоён дар ин кишвар ба 4510744 расидааст.

Қазоқистон аввалин қисми воксан аз коронавирусро ба даст овард.  

25 – уми марти соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон 144 ҳолати сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. 115 нафари  онҳоро дар Тошканд ва 13 танро дар Самарқанд сабт карданд.

 

барчасп: 
Мо дар Telegram