COVID – 19: Дар Тоҷикистон ширкати 100 нафар дар тӯйи арӯсиву домодӣ иҷозат шуд

COVID – 19: Дар Тоҷикистон ширкати 100 нафар дар тӯйи арӯсиву домодӣ иҷозат шуд

Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба  127 миллиону 796 ҳазору  656 нафар расид. Шабонарӯзи гузашта боз 126 838 нафар чун мубталои нав ба қайд гирифта шуданд. Дар як шабонарӯз аз ин беморӣ 3 489 нафар фавтиданд ва шумори умумии ҷонбохтагон дар олам аз аввали ҳамагирӣ ба 2 миллиону 796 ҳазору 756 нафар расид.

Ҳамоно ИМА, Бразилия ва Ҳинд пешсафони ҷадвали гирифторон ба вируси корона мебошад. Дар ин рӯйхат Русия ҷойи чорумро ишғол кардааст. Фаронса, Британияи Кабир, Италия, Испания, Туркия ва Олмон ҳамагӣ дар даҳгонаи кишварҳое шомиланд, ки мубталоёни бештар доранд.  

27% сокинони ИМА ҳаддақал як вояи воксани зидди коронавирусро гирифтаанд, 15,1% худро пурра бо ин воксан эм кардаанд. То кунун бештар аз 140 миллион дозаи воксан аз COVID-19 сарф шудааст.

Фаронса хабар дод, ки дар кутоҳтарин фурсат тадбирҳои нави зиддикоронаиро эълон хоҳад кард.

Ҳукумати Норвегия аз 1-уми апрели соли равон талаботҳо ба вуруди хориҷиён ба ин кишварро сахттар мекунад. 

Дар пасманзараи афзоиши мубталоёни нав Руминия низ аз рӯзи якшанбе маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард.

Зшабонарӯзи гузашта дар Русия  9088 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.  

Дар Қазоқистон зарфи як шабонарӯз 14 нафар аз КОВИД-19 ҷон доданд. Вазорати тандурустии ин кишвар гуфтааст, ки се нафари дигар низ бо аломати илтиҳоби шуш фавтиданд ва 23 310 нафар ба табобат фаро гирифта шудаанд.  

Қирғизистон аз сирояти боз 146 ҳодисаи нави гирифторӣ ба коронавирус хабар дод.  

Дар Ӯзбекистон 194 мубталои нав ба КОВИД-19 сабт шуд.

Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID – 19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 март ширкати 100 нафар дар тӯйи  домодию арусиро иҷозат дод. 

барчасп: 
Мо дар Telegram