Covid-19: Дар як ҳафта дар саросари олам беш аз 96 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд

Covid-19: Дар як ҳафта дар саросари олам беш аз 96 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд

Шумори мубталоён ба вируси корона дар олам ба 104 миллиону 485 ҳазору 479 нафра расид. Аз ин беморӣ 2 миллиону 265 ҳазору 49 нафар фавтиданд ва 76 миллиону 370 ҳазору 142 нафар шифо ёфтанд. То кунун дар беморхонаҳои олам 107 177 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Ҳафтаи гузашта бештар аз 96 ҳазор нафар аз КОВИД-19 ҷони худро аз даст доданд.

Маргумир бар асари коронавирус дар қисмати Ғарбии уқёнуси Ором 21% афзоиш доштааст. Дар қисмати Шарқии баҳри Миёназамин ва нимкураи Ғарбӣ афзоиши фавт аз короонавирус 9% ва 4%-ро ташкил дод. Гирифторӣ дар саросари олам зарфи се ҳафтаи охир рӯ ба коҳиш овардааст. Бештарт коҳиши бемориро дар Африқо – 27% ва минтақаи Аврупо-18% мушоҳида кардан мумкин аст.

Маҷаллаи тибии The Lancet натиҷаи таҳқиқи клиникии марҳилаи сеюми воксани русии «Спутник V»-ро интишор дод. Дар варақаи  матбуотии Хазинаи сармоягузориҳои мустақими Русия омадааст, ки ин пажӯҳиш самаранокӣ, муассирӣ ва бехатарии ин восанро тайид кардааст.

Шаби сешанбе фармони президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден дар мавриди ҳатман доштани ниқоб дар ҳама навъҳои нақлиёт эътибор пайдо кард. Ягона истисно мошинҳои шахсӣ ва боркаш мебошанд, агар ронанда дар кабина танҳо бошад. Ин қоида ба ҳамаи мусофирони аз дусола боло дахл дорад.  

Дар шабонарӯзи гузашта дар Британияи Кабир 16 840 нафар чун сироятшудаи нав сабт шудаанд, ки ин нишондиҳандаи паст аз 9 декабри соли гузашта мебошад. 

Маҷористон аввалин теъдоди воксани русии «Спутник V»-ро дарёфт кард. Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Петер Сийярто қайд кард, ки муоҳадаи хариди воксан бо Брюсел ба шикаст анҷомид.

Арабистони Саудӣ аз эҳтимолияти авҷи нави коронавирус изҳори нигаронӣ кард. Дар ин бора вазири тандурустии ин кишвар Тавфиқ ал-Рабия рӯзи 2 феврал изҳор дошт. Тибқи гуфтаи ал-Рабия, дар рӯзҳои охир афзоиши назарраси сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. «Агар вохӯриҳо ва беэътиноӣ ба чораҳои пешгирикунанда идома ёбанд, мо ноилоҷ даст ба иқдомҳои м. аҳдудкунандаи шадидтар хоҳем зад”,-гуфт ӯ. Аз аввалин ҳамагирӣ дар Арабистони Саудӣ 368,3 ҳазор нафар олудаи ин вирус шудаанд. 

Дар қувваҳои мусаллаҳи Кореяи Ҷанубӣ ҳодисаҳои нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудаанд. То ба имрӯз шумори гирифторон дар артиши ин кишвар ба 551 нафар расидааст, теъдоди мубталоён дар  саросари Кореяи Ҷанубӣ 78 884 нафар эълон шудааст. 

Зарфи 24 соати гузашта дар Русия 16 664 сироятшудаи нав ба COVID-19 сабт шудааст ва бори аввал аст, ки дар ин кишвар аз 17 ҳазор дар як шабонарӯз камтар мубталои нав ба қайд гирифта мешавд

Қазоқистон аз сирояти 1 161 нафар дар шабонарӯзи гузашта хабар дод. Аз оғози ҳамагирӣ 189 131 нафар мубталои ин беморӣ шудаанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон тамим гирифт, ки аз воксани амрикоии Pfizer, ки тибқи барномаи COVAX бояд ворид карда шавад, даст кашад. Қирғизистон 504 ҳазор доза воксани AstraZeneca-тавлиди шикарти ҳамноми Британия ва Шведсия мегирад. Қарор аст моҳи март ин воксан ба Қирғизистон ворид карда шавад.

Баъди кашфи штамми британиёии коронавирус ҳам Ӯзбекистон тасмим надорад чораҳои карантиниро пурзӯр кунад. То 3 феврали соли равон дар ин кишвар 78 801 нафар гирифтори Covid-19 шуданд.

барчасп: 
Мо дар Telegram