COVID-19: Барои муолиҷа ба Москав омадани президенти Сурия такзиб шуд. Моҳи феврал дар шаҳри Москав 2340 аз коронавирус ҷон бохтанд

COVID-19: Барои муолиҷа ба Москав омадани президенти Сурия такзиб шуд. Моҳи феврал дар шаҳри Москав 2340 аз коронавирус ҷон бохтанд

Сафири Сурия дар Русия иддиоҳо дар мавриди интиқоли Башор Асад ва ҳамсараш Асмо ба Москав ҷиҳати муолиҷа аз коронавирусро рад кард. Ахиран баъзе аз расонаҳои хабарии арабӣ навишта буданд, ки президенти Сурия бо ҳамсараш барои муолиҷа аз КОВИД-19 ба Москав интиқол ёфтаанд. Риёз Ҳаддод-сафири Сурия дар Москав ба хабаргузории Спутиник гуфтааст, ки Башор Асад ва ҳамсараш дар Сурияанд ва ӯ ҳамчунин иддиоҳо дар мавриди “вазъи номусоиди” саломатии президентро низ такзиб кардааст. Гуфтанист, ки Башор Асад ва ҳамсараш Асмо ахиран ба Ковид сироят шуда буданд.

COVID-19: ПРЕЗИДЕНТИ СУРИЯ АСАД ВА ҲАМСАРАШ АСМО НИЗ БА КОВИД-19 МУБТАЛО ШУДАНД

Ваксани амрикоии зидди коронавирус, ки аз ҷониби ширкати тобеъи вай  Johnson & Johnson тавлид мешавад, дар Фаронса иҷозаи истифода ёфт. Кумитаи олии тандурустии Фаронса ахиран ба вай иҷозатномаи истифода дод. Доруи Johnson & Johnson ҳамчунин барои одамони синнашон аз 65 боло низ иҷоза дода шудааст. Аз ин пештар воксани тавлиди Johnson & Johnson-ро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои истифода ба ҳамаи кишварҳои тасдиқ карда буд.

Дар Норвегия шумори мубталоён ба коронавирус дар ҳоли афзоиш аст, аз ин рӯ тахмин меравад, ки ин кишвар ба мавҷи сеюми он рӯ ба рӯ шавад.  

Лаҳистон гуфт, ки охири апрел авҷи сеюми коронаирус низ батадриҷ рӯ ба афтиш меорад.

Туркия  мехоҳад бо Русия барои воксани русии «Спутник V» ҳамкорӣ кунад.

Арабистони Саудӣ моҳи май парвозҳои дохилии ҳавопаймоҳоро иҷозат хоҳад дод. Дар ин бора рӯзи 12-уми март Saudi Gazette истинодан ба хадамоти ҳавопаймоии подшоҳии Арабистони Саудӣ иттилоъ дод.  

Саркашӣ аз эм шудан зидди  COVID-19 ба назар мерасад як шакли аҷиби нофармонии  маданӣ бошад. Дар ин бора рӯзи 11 марти соли равон вазири тандурустии Исроил Юлий Эделштейн изҳори назар намуд. “Шакли ҷолиби нофармонӣ дар як кишвари демократӣ – ман давлатро дӯст надорад, аз ин рӯ меравам ва дастамро мебурам! Барои ман сахт аст, ки  бисёре аз ҳамватанон ба ин чизҳои арзишашон хеле паст дода мешаванд, аммо рақамҳо баёнгари ҳоланд: 5 миллион нафар то кунун  худро эм кардаанд ва ин фоизи зиёди аҳолист, агар кӯдакон ба ҳисоб гирифта нашаванд, чун ҳоло онҳо эм карда намешаванд.

Зиёда аз 700 вояи ваксинаи COVID-19 бояд дар Кореяи Ҷанубӣ бинобар вайрон кардани қоидаҳои нигоҳдорӣ, партофта шавад. То 10 март 77 шиша нобуд карда шудааст, ки он барои воксанкунии 770 нафар кифоя буд.

 Дар Ҷопон як марде бо нишонаҳои коронавируси гунаи нав бистарӣ шудааст, ки чанде пештар аз Филиппин омада буд.

Русия аз сирояти боз 9794 нафар ба КОВИД-19 хабар дод. Бино ба як гузориши дигар моҳи феврал дар пойтахти ин кишвар 2340 нафар бар асари коронавирус аз олам даргузаштанд. Шумори фавтидагон дар моҳи январ дар шаҳри Москав 5038 нафар эълон шуда б уд. 

Беш аз 34 ҳазор нафар дар Қазоқистон аз коронавирус эм карда шуданд.

Мо дар Telegram