Coca-Сola – чемпионати Тоҷикистон-2021: «Хуҷанд», «Эсхата» ва «Файзканд» дар садри ҷадвали мусобиқа

Баъд аз ҷамъбасти ду даври бозиҳои Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олӣ дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои «Хуҷанд», «Эсхата» ва «Файзканд» бо 4 имтиёзӣ пешсаф мебошанд.

Рӯзи якшанбеи 11-уми апрел ду бозии даври дуюми чемпионат баргузор шуд, ки дар онҳо “Кӯктош” бо ҳисоби 1 бар 0 “Истаравшан”-ро мағлуб сохта, бозӣ байни дастаҳои “Равшан” ва “Файзканд” мусовии бе гол анҷом ёфт. Голи ягона ва ғалабаоварро дар вохӯрӣ байни дастаҳои “Кӯктош” ва “Истаравшан” Азизбек Султонов дар дақиқаи 33-юми вохӯрӣ ба нишон зад.

Бозиҳои даври сеюми мусобиқа рӯзҳои 16, 17 ва 18-уми апрел баргузор мешаванд.

 

Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Кӯктош» – «Истаравшан» – 1:0

Гол: Азизбек Султонов, 33.

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Шоҳрух Қирғизбоев, Асадбек Исломов, Муҳаммадҷон Раҳмонов, Алишер Холмуродов, Сӯҳроб Раҳмонов, Азизбек Султонов (Вайсиддин Сафаров, 89), Расул Пайзов, Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, Шарафҷон Солеҳов, Муҳсинҷон Абдуғаффоров, Амирҷон Сафаров.

«Истаравшан» (Истаравшан): Шаҳзод Шамсиддинов, Бахтиёр Қаландаров, Диловар Бойкузиев, Асадбек Зиёзода (Бахтиёр Абдураҳмонов, 63), Саидмухтор Азимов, Отабек Каримов (Насимҷон Расулов, 81), Ҳусейн Нурматов, Ҷаҳонгир Сафаров (Фаридун Деҳқонов, 68), Хуршедҷон Олимов (Зуфарҷон Акбаралиев, 63), Аббос Икромов (Фирӯз Раҳматов, 63), Илҳомҷон Баротов.

Огоҳонида шуданд: Алишер Холмуродов, Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, Муҳаммадҷон Раҳмонов («Кӯктош»), Ҷаҳонгир Сафаров, Саидмухтор Азимов, Бахтиёр Қаландаров, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Азизбек Султонов («Кӯктош»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Нозири доварон: Турдибек Қӯшназаров (Гулистон).

Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).

11 апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 7000 тамошобин.

 

«Равшан» – «Файзканд» – 0:0

«Равшан» (Кӯлоб): Рустам Ризоев, Ҳасан Рустамов, Далер Шомуродов, Бенҷамин Асамоа, Холмурод Назаров, Абдураҳмон Нозимов, Кароматулло Саидов (Бунёд Шодиев, 74), Нодирбек Ибрагимов (Амирҷони Фаррухзод, 57), Наврӯз Рустамов (Шодиҷон Муродов, 57), Анвар Муродов (Зокирҷон Абдулхайров, 57), Аваз Қамчинов (Эффах Кингслей Осей, 74).

«Файзканд» (Восеъ): Азимҷон Қараев, Онама Етем, Доробҷон Эргашев, Джозеф Феумба, Ҳувайдои Гулмурод, Маҳмадалӣ Содиқов, Ҳоҷиакбар Узоқов, Артур Бастиан Боугнон (Фахриддин Сафарзода, 46), Шоҳрух Сангов (Дилшод Баратов, 59, Аббос Андалибов, 85), Акбари Шелдари Араш, Абдухалил Боронов.

Огоҳонида шудандХолмурод Назаров, Бенҷамин Асамоа, Зокирҷон Абдулхайров («Равшан»), Акбари Шелдари Араш, Онама Етем («Файзканд»).

Аз майдон хориҷ шуд: Доробҷон Эргашев («Файзканд»), 57 – барои фоли «умеди охирон».

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Азимҷон Қараев («Файзканд»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Бобоҷон Қаландаров (Душанбе).

11 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 1 0 5-2 4
2 «Эсхата» (Хуҷанд) 2 1 1 0 4-2 4
3 «Файзканд» (Восеъ) 2 1 1 0 1-0 4
4 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 1 1 0 0 1-0 3
5 «Истаравшан» (Истаравшан) 2 1 0 1 1-1 3
6 «Хатлон» (Бохтар) 2 0 2 0 2-2 2
7 «Равшан» (Кӯлоб) 2 0 1 1 0-1 1
8 «Истиқлол» (Душанбе) 0 0 0 0 0-0 0
9 «Душанбе» (Душанбе) 1 0 0 1 1-4 0
10 КМВА (Душанбе) 2 0 0 2 1-4 0

 

Нишонзанҳо: Акобир Тӯраев («Эсхата») – 3 гол, Артем Сердюк («Хуҷанд») – 2 гол.

 

Дар даври 3-юм вомехӯранд:

16 апрел (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 16:30

«Файзканд» – «Кӯктош»

17 апрел (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

«Хуҷанд» – КМВА

«Душанбе» – «Хатлон»

18 апрел (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:30

«Эсхата» – «Равшан»

Мо дар Telegram