Coca-Сola – чемпионати Тоҷикистон-2021: «Эсхата» ва «Хатлон» мусовӣ бозӣ карданд

Дастаи футболи «Эсхата», ки имсол барои бори аавал дар таърихи фаъолияти худ дар лигаи олии Тоҷикистон баромад мекунад, дар бозии даври ифтитоҳии Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 бо “Хатлон”-и Бохтар мусовӣ бозӣ кард. Ба голи задаи легионери узбекистонии “Эсхата” Акобир Тӯраев бохтариҳо бо зарбаи аниқи легионери африқоитабори худ Жан Гатен НД ҷавоб гуфтанд.

 

Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 1-ум

«Эсхата» – «Хатлон» – 1:1

Гол: Акобир Тӯраев, 45+1 – аз пеналти (1:0). Жан Гате НД, 51 – аз пеналти (1:1).

«Эсхата» (Хуҷанд): Муминҷон Гадойбоев, Дилшодҷон Каримов, Шаҳзод Абдураҳимов, Соҳибҷон Ҳакимов, Қаҳрамон Ҳомидов, Абдусамад Самадов (Умедҷон Одинаев, 80), Иброҳимхон Эшонхонов, Боҳирҷон Сангинбоев (Бахтовар Зокиров, 67), Рустамҷон Сабуров (Амирҷон Ҳамидов, 90), Мубинҷон Муминов (Амирҷон Раҳимов, 90), Акобир Тӯраев (Парвиз Алиев, 80).

«Хатлон» (Бохтар): Шаҳром Исмоилов, Равшан Азизов, Муҳаммад Насков, Фирдавс Алиназаров, Хушвакт Миров, Сорбон Авғонов, Тоҳирҷон Тағойзода (Саидшо Бозоров, 88), Сафиолоҳи Назарзода (Худойдод Узоқов, 69), Умедҷон Шарипов, Сунатулло Исмоилов (Нуриддин Ҳамроқулов, 46), Жан Гатен НД.

Огоҳонида шудандАбдусамад Самадов, Боҳирҷон Сангинбоев, Парвиз Алиев («Эсхата»), Муҳаммад Насков, Жан Гатен НД («Хатлон»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Иброҳимхон Эшонхонов («Эсхата»).

СардоварБеҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Насриддин Азизов (Қабодиён).

Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Душанбе).

5 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2350 тамошобин.

Мо дар Telegram