Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 рӯзи 4-уми апрел оғоз мешавад

Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, рӯзи 12-уми март, қуръакашии тақвими Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Чемпионати 30-юми ҷашнии Тоҷикистон бо иштироки даҳ даста дар се қисм доир мешавад

Чорабинӣ дар фазои идона сурат гирифта, дар он роҳбарон, мураббиён, бозигарон ва намояндагони фан-клубҳои дастаҳои иштирокчии мусобиқа ширкат варзиданд.

Тибқи натиҷаи қуръакашӣ дар даври аввали қаҳрамонии имсола дастаҳо ба таври зайл вомехӯранд:

«Кӯктош» – «Истиқлол»

«Истаравшан» – «Равшан»

«Файзканд» – КМВА

«Эсхата» – «Хатлон»

«Хуҷанд» – «Душанбе-83»

Пас аз анҷоми қуръакашии тақвими ду даври аввал, қуръа барои даври сеюми қаҳрамонии Тоҷикистон партофта шуд.

После завершения жеребьевки календаря первых двух кругов был брошен жребий третьего круга чемпионата Таджикистана.

Мутобиқи ҷадвали Бергер дар даври аввали қисми сеюми Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон дастаҳо ба таври зайл вомехӯранд:

«Истиқлол» – «Равшан»

«Хатлон» – «Кӯктош»

«Истаравшан» – «Файзканд»

«Хуҷанд» – «Душанбе-83»

«Эсхата» – КМВА

Тақвими чемпионати 30-юми Тоҷикистон, аз рӯи ҷадвали шатранҷбоз ва донишанди маъруфи австриягӣ Бергер, тибқи принсипи “оинавӣ” тартиб дода мешавад.

Тибқи Низомнома, дастаҳои лигаи олӣ, ки имсол дар ҷадвали ниҳоӣ ҷойҳои нӯҳум ва даҳумро ишғол кардаанд, дар мавсими соли 2022 ба лигаи аввал мегузаранд. Ғолиб ва барандаи медали нуқраи лигаи якум-2021 бошад, ҳуқуқи дар соли оянда дар лигаи олӣ иштирок намуданро пайдо мекунад.

Мо дар Telegram