Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021: мусобиқа оғоз шуд!

Рӯзи якшанбеи 4-уми апрел бо баргузории ду бозӣ чемпионати ҷашнии Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз ёфт.

Дар даври аввали мусобиқа “Файзканд”-и Восеъ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 1 бар 0 дастаи КМВА-и Душанберо мағлуб намуд. Голи ягона ва ғалабаоварро дар дақиқаи 15-уми бозӣ капитани “Файзканд” Маҳмадалӣ Содиқов зад ва қобили зикр аст, ки бо ин голи задаи худ Маҳмадалӣ муаллифӣ аввалин голи Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 шуд.

Дар бозии дигари даври ифтитоҳӣ “Хуҷанд” дар майдони худ бо ҳисоби калони 4 бар 1 дастаи “Душанбе”-и Душанберо шикаст дод. Голҳои дастаи соҳили Сирдарёро бозингарони нави даста Максим Грек, Артем Сердюк, Парвиз Боқӣ-Охунов, инчунин Дилшод Бозоров заданд.

Рӯзи душанбеи 5-уми апрел, дебютанти имсолаи лигаи олии кишвар, дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтарро қабул мекунад.

Боз як бозии ин давр байни дастаҳои “Истаравшан”-и Истаравшан ва “Равшан”-и Кӯлоб рӯзи сешанбеи 6-уми апрел, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мешавад.

 

Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 1-ум

«Файзканд» – КМВА – 1:0

Гол: Маҳмадалӣ Содиқов, 15.

«Файзканд» (Восеъ): Азимҷон Қараев, Маҳмуд Пиров, Оната Етем (Аббос Андалибов, 90+3), Джозеф Феумба, Доробҷон Эргашев, Маҳмадалӣ Содиқов, Ҳоҷиакбар Узоқов (Ҳувайдои Гулмурод, 75), Артур Бастиан Боугнон, Шоҳрух Сангов (Фахриддин Сафарзода, 66), Акбари Шелдари Араш (Азизбек Ҳасанов, 90+3), Абдухалил Боронов.

КМВА (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Комрони Мирзохон, Аъзам Муродов, Сайёди Ковусшо, Никита Шевтсов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Фирӯз Бобиев, Мунир Давлатбеков (Идрис Амину, 55), Сӯҳроб Ҷалилов (Алиҷон Кароматуллозода, 70), Шервони Мабатшоев (Феликс Тетте, 70), Шодибек Ғаффоров (Элчибек Рашидбеков, 82).

Огоҳонида шуданд: Шоҳрух Сангов, Маҳмадалӣ Содиқов, Азимҷон Қараев («Файзканд»), Мунир Давлатбеков, Алиҷон Кароматуллозода (КМВА).

Аз майдон хориҷ шуд: Маҳмуд Пиров («Файзканд»), 72 – барои фоли «умеди охирон».

Беҳтарин бозингари вохӯрӣМаҳмадалӣ Содиқов («Файзканд»).

СардоварХуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Нозири доваронРавшан Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣАзизҷон Достиев (Турсунзода).

4 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

 

«Хуҷанд» – «Душанбе» – 4:1

ГолҳоМаксим Грек, 38 (1:0). Артем Сердюк, 42 (2:0). Дилшод Бозоров, 56 (3:0). Парвиз Боқи-Охунов, 69 (4:0). Анӯшервон Наврӯзов, 88 (4:1).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Алексей Матросов, Фирдавс Чақалов (Манучеҳр Ахмедов, 67), Максим Грек, Самандар Очилов (Парвиз Боқиев, 82), Наимҷон Ибрагимзода, Эҳсон Бобоев, Нозим Бобоҷонов, Ҳоҷибой Зиёев (Бахтиёр Чориев, 67), Далер Ёдгоров, Артём Сердюк (Парвиз Боқӣ-Охунов, 67), Дилшод Бозоров (Тоҳир Малодӯстов, 85).

«Душанбе» (Душанбе): Станислав Иванов (Фаромурз Саидов, 71), Изатулло Рӯзиев, Далер Тухтасунов, Эраҷ Раҷабов (Фирӯз Ризомов, 63), Иван Арабаджи (Ораз Ғаюров, 71), Далер Имомназаров, Муҳаммад Ризомов, Алишер Эргашев, Фарҳод Қосимов, Амир Мемари Манеш (Сӯҳроб Асоев, 63).

Огоҳонида шудандНозим Бобоҷонов («Хуҷанд»), Изатулло Рӯзиев, Далер Имомназаров («Душанбе»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣМаксим Грек («Хуҷанд»).

СардоварСайвалӣ Турдиев (Вахш).

Нозири доваронДиловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Комиссари бозӣСубҳон Хоҷамов (Душанбе).

4 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1000 тамошобин.

 

5 апрел (душанбе)

Оғози бозӣ-соати 16:00

«Эсхата» – «Хатлон»

СардоварБеҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доваронНасриддин Азизов (Қабодиён).

Комиссари бозӣАбдулло Соқиев (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

 

6 апрел (сешанбе)

Оғози бозӣ-соати 16:00

«Истаравшан» – «Равшан»

СардоварНасим Ҳамидов (Душанбе).

Нозири доваронОриф Ҷӯраев (Душанбе).

Комиссари бозӣҶамшед Исмоилов (Душанбе).

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ

Мо дар Telegram