Чорабинии тантанавӣ ва консерти идона бахшида ба «Рӯзи Модар»

1605

Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарият, шуъбаи кадрҳо, Шӯрои занон, Шӯрои ҷавонон чорабинии тантанавӣ ва консерти идона бахшида ба «Рӯзи Модар» баргузор гардид. Чорабиниро сардори Академияи ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ кушода, Суруди Миллии Ҷумҳурии Тҷикистон садо дод. Сипас сардори Академияи ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар бораи тадбирҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи Зан-Модар маърӯзаи муфассал намуда, аз ҷумла иброз намуд, имрӯз занони тоҷик дар мақомоти қонунгузорӣ, идораи давлатӣ, соҳаҳои хоҷагии халқ, соҳаи маорифу тандурустӣ, алалхусус мақомоти корхои дохилӣ сарбаландона хизмат намуда истодаанд, ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ кормандзанони МКД ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Баъд аз анҷоми маърӯза ва сухани табрикӣ Фармони Вазири корхои дохилӣ ва Фармоиши сардори Академия дар бораи мукофотонидани занони фаъоли Академия қироат гардида, онҳо бо медал, Ифтихорномаи фахрӣ, Сипосномаҳо, мукофотхои пулӣ кадрдонӣ гардиданд ва аз ҷониби сардори Академияи ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар фазои тантанавӣ ба онҳо супорида шуд.Бо Фармоиши сардори Академия тамоми кормандзанони Академия бо мукофоти молиявӣ қадрдонӣ гардиданд.

16081609161016111612

Дар кисмати фарҳангии чорабинӣ ду номинатсияи Озмуни академиявии «Бонуи пурҳунар» бо намоиши либосҳои миллӣ, пухтани таомҳои миллӣ баргузор гардид, ки хеле рангоранг буд.Озмуни мазкур то ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Академия идома меёбад. Дастаи ҳунарии Академия, ҳунарпешаҳои номдор Файзигул Юсупова, Мӯниса Бобоева, Фирдавс Ҳошимов ва дигарон бо сурудхо дар васфи Модар, Ватан, ишқ, баҳор баромад намуда, инчунин саҳначаҳои ҳаҷвии курсантону кормандони Академия табъи ҳозиринро шод намуданд.
Аз ҷониби Шӯрои ҷавонони Академия композитсияи адабии «Модарнома» иҷро гардид, ки дар охири он суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати Модар садо дод, ки хеле таъсирбахш ва тарбиявӣ буд.

16071606

Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ ва консерти идодона бахшида ба «Рӯзи Модар» сардори Академияи ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бори дигар бонувону модарони Академияро бо ин иди фархунда табрику муборак- бод намуда, ба ҳар яки онҳо орзуҳои нек таманно намуд. Чорабинии тантанавӣ ва консерти идодона бахшида ба «Рӯзи Модар» дар Академия бошукӯҳ ва хеле хотирмон гузашт.

Асламов Б.С.,Сафарзода С.Н.,Убайдуллоев Ш.Э.

Мо дар Telegram