Тоҷикистон ҳамчун аъзо ва имсол ҳамчун раиси созмони СААД дар соли 2021, нақшаи чорабиниҳои зиёде дорад. Дар видеоконфронси онлайние, ки 25 феврал миёни мақомотҳои назорат ва ташаккули қувваҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор шуд, масъалаҳои омӯзишӣ барраси шуданд.
Дар ин ҷаласа гуфта шуд, ки машқҳои ҳарбӣ барои тақвияти иқтидори мудофиаи Созмон, такмили омодагии ҷангӣ ва ғайраҳо равона карда мешаванд.
Машқҳо зери унвони “Боевой братство-2021”, “Поиск-2021, Эшелон-2021” ва “Взаимодействие-2021” мегузаранд, ки ҳар як навъи чунин тамринҳо, як самти муҳими амниятиро дар бар мегиранд.
Аъзоёни СААД Арманистон, Белорусия, Тоҷикистон, Россия, Қирғизистон ва Қазоқистон мебошанд.