Чаро мо тағйир ёфтем?

Чаро мо тағйир ёфтем?

Дар овони кӯдакӣ мо тамоман дигар инсон будему ҳоло тамоман дигар шудаем. Овони кӯдакӣ рангоранг ва зебо буд. Мо некбину меҳрубон будем…

Агар дар кӯча ягон ҷонвари ҷароҳатбардоштаро дидем, ҳатман ба хона меовардему табобат мекардем. Сагони дайдуе, ки хона надоштанд, барои мо азиз буд, меҳрубонӣ карда, нону об медодем ва сагчаҳои майдаро ба хона меовардем, баъзан модар иҷозат намедоданд, ки дар хона истода бошад. Дар роҳ ягон сангеро дидем, ҳатман ба як тараф гирифта мемондем. Ҳама дар назди мо баробар буданд, баъзан фақирону бечорагон азизтару арзиштар меистоданд. Ба онҳо меҳрубонтар будему диламон ба ҳолашон месӯхт. Модарамон хурду калонро ҳурмату эҳтиром кун мегуфтанд ва ба ҳамаи калонсолон салом деҳ мегуфтанд. Мо дар кӯчаҳо ба шиносу ношинос салом медодем. Дар кӯча ягон пиронсоле, ки дар даст борхалтае дошт, зуд наздашон рафта, онро гирифта то манзилашон мебурдем, хоҳ борашон вазнин бошад, хоҳ на.

Ба кӯча кулча ё ягон меваҷот барорем, ҳатман бо дӯстон тақсим мекардем. Падару модарамон пул ё ноне медоданд, ба бечорагону гадоён дода бошему дастамон ба кори хайр одат карда бошад, агар танга кам бошад, «Дигар нест — мӣ? Бо наметид-мӣ?» — гӯён, боз аз падар ё модар пул мепурсидем. Чароҳатҳои падар ё модарро дида гиря мекардем. Агар шӯхӣ кунему модарамон «Туро мефурӯшам, ба детдом медиҳам ё ҳозир аҷузгул гирифта меравад» — гӯянд, тарсида гиря мекардем, чун аз модар ҷудо шудан намехостем.

Бародар ё хоҳарчаамон гиря кунад, дилбардорӣ карда, ором мекардем. Чашми худро аз дидани фаҳшу амалҳои ношоиста пинҳон мекардем. Дар ягон макони вайрона ё ягон кунҷи ҳавлӣ гули худрӯйеро дидем, об дода, нигоҳубин мекардем. Чунон меҳрубону дилсӯз будем, ки аз як табақ хӯрок мехӯрдему аз як зарф об менушидем, аммо ягон касалие набуд. Ба мо бозичаҳои қимматбаҳо лозим набуд, мо худамон аз сангу хоку коғаз(картон) бозича месохтем ё тамоман бе бозича ҳам, бозӣ мекардем…

Мо акнун калон шуда, ваҳшӣ шуда истодаем…

Муаллиф: Исмоилов Ҳабибаллоҳ

Мо дар Telegram