Чаро гурбаҳо пойҳояшонро ба одамон мерасонанд?

Чаро гурбаҳо пойҳояшонро ба одамон мерасонанд?

Олимон муайян кардаанд, ки гурбаҳо дар 3 ҳолат бо пойҳояшон дастони моро мерасанд, вақте ки мо ба онҳо даст дароз мекунем, ё ин ки дар наздашон менишинем.

Аниқ шудааст, ки гурбаҳо бо ин усул худро муҳофизат мекунанд ва ё фаҳмондани мешаванд, ки бо шумо бози кардан мехоҳанд.

Эҳсоси муҳофизат кардани худро олимон дар дараҷаи аввал мемонанд. Гурбаҳо ба ҳар як ҷунбиш аҳамияти ҷидди медиҳанд, ва гузоштани дасти худро ба болои дастони мо, онҳо худро каме ҳам дар бехатари эҳсос мекунанд, чунки метавонанд, ки дар ҳолати ҳуҷум кардан ба онҳо, зуд огоҳ шаванду роҳи раҳоияшро биҷӯянд ва ё дар ҷавоб ҳуҷум кунанд. Бо чунин тарз гурба метавонад ҳамеша омода бошад.

Чаро гурбаҳо пойҳояшонро ба одамон мерасонанд?

Ғайр аз ин гурбаҳо пойҳояшонро боз дар он ҳолате ба одамон мерасонанд вақте, ки соҳибашонро бениҳоят ёд карда бошанд, яъне бо ин амал муҳаббати худро нишон медиҳанд ва мехоҳанд бо мо бози кунанд. Агар соҳибаш муддати дароз дар хона набошаду пасон биёяд, дар ин ҳолат низ гурба пойҳояшро ба ӯ расонда мехоҳад бигӯяд, ки ёдаш кардааст.

Мо дар Telegram