Чанд сокини Хуросон, аз ҷумла се занро барои тазоҳурот ҳабсу ҷарима кардаанд

Вазири кишоварзӣ: мардуми Тоҷикистон захираи дусола доранд

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода мегӯяд, тамоми мардуми Тоҷикистон захираи дусола ва бархеҳо аз он бештарро доранд

Сулаймон Зиёзода имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, Тоҷикистон дар давраи ҳамагирии коронавирус тавонист бозори дохилии худро фаровон нигоҳ дорад.

“Ғайр аз апелсину мандарину банан, ки аз хориҷ ворид карда мешавад, дигар ҳамааш аз ангур сар карда то себу нок – истеҳсоли худи Тоҷикистон аст”, – гуфт вазир.

“Картошка, сабзӣ, пиёз – ҳамааш тал задагӣ ҳаст. Ман фикр мекунам, ки имрӯз тамоми мардуми кишавр аз ҷумла 70 дарсади тоҷикистониҳо, ки дар деҳотҷойҳо ба сар мебаранд, захираи кофӣ, баъзе оилаҳо ҳатто аз ду сол бештар захира доранд”, – гуфт вазир.

Чанд сокини Хуросон, аз ҷумла се занро барои тазоҳурот ҳабсу ҷарима кардаанд

Даҳ сокини ноҳияи Хуросонро барои иштирок дар эътироз ва бастани роҳи Бохтар – Душанбе ҳабсу ҷарима кардаанд. Ҳукми онҳо рӯзи 26-уми ноябри соли 2020 эълон шуда, тафсилоташ танҳо рӯзи 9-уми феврали имсол ошкор шуд.

Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, панҷ сокини ноҳияи Хуросон бо гуноҳи “авбошии гуруҳӣ” ба 1,5-солии зиндон маҳкум ва панҷ каси дигар, ҳар кадом 5800 сомонӣ, ҷарима шуданд. Дар миёни онҳо се зан низ ҳастанд.

Ному насаби даҳ сокини ноҳияи Хуросонро, ки дар пайи эътироз ҷазо гирифтаанд, Радиои Озодӣ дастрас кард.

Ҳабс шуданд:

Маҳмадкарим Ҳасанов – 1,6 сол зиндон;

Муҳаммадраҷаб Икромов – 1,6 сол зиндон;

Сайидраҳмон Икромов – 1,6 сол зиндон;

Кароматулло Музаффаров – 1,6 сол зиндон;

Ҳусейн Музаффаров – 1,6 сол зиндон.

Ҷарима шуданд:

Тоҷиддин Қараев – 5800 сомонӣ ҷарима;

Авазҷон Ҳамроев – 5800 сомонӣ ҷарима;

Мелихол Қараева – 5800 сомонӣ ҷарима;

Бибиробия Расулова – 5800 сомонӣ ҷарима;

Эътирози сокинони ноҳияи Хуросон рӯзи 17-уми майи соли 2020, баъд аз вайронгариҳои селу ярч, сурат гирифт. Мардуми осебдида барои чанд соат шоҳроҳи Бохтар – Душанберо баста, гуфтанд, ба ин восита мушкили худро ба мақомот расонданд.

Сели рӯзҳои 14 ва 15-уми майи соли 2020 даҳҳо хонаро пурра вайрон ва ба даҳҳо манзили дигар қисман осеб расонд, чанде аз чорвои мардумро кушт ва киштзорҳошяонро хароб кард. Ду нафар ҳам ҷони худро аз даст доданд.

Обуҳаво дар Тоҷикистон то 24 дараҷа гарм мешавад

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои наздик гармшавии обуҳаво дар назар буда, дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дар дарёи оби Хингов баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Гуфта мешавад, рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ба шаҳрвандон хотирррасон менамояд, ки хеле эҳтиёткор бошанд, чорвочарониҳоро дар доманакӯҳҳо маҳдуд намоянд, кӯдаконро ҳезумчинӣ ва ҷамъоварии гулҳои аввалбаҳорӣ нафиристанд, моҳидорӣ нараванд. Ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарии роҳро риоя намоянд.

“Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад бо истифода аз фурсати муносиб селроҳаҳоро аз хасу чӯбу сангу хок тоза кунанд, каналҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо пок созанд”, – тавсия дода мешавад дар огоҳии Кумита.

Коҳиши меъёри фоизи қарзҳои Ӯзбекистон ба тоҷирони тоҷик

Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ва Бонки миллии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон дар бораи коҳиши назарраси меъёри фоизи қарзҳо ба тоҷирони тоҷик барои воридоти молу маҳсулоти Ӯзбекистон созиш ҳосил намуданд.

Дар иттилоияи”Амонатбонк” дар ин робита қайд мешавад, ки меъёр ба фоизи қарзҳои имтиёзнок дар доираи созишномаи имзошуда тобистони соли 2018 оид ба маблағгузории тиҷоратӣ ба андозаи 3,5% кам шуданд.

Гуфта мешавад, айни замон меъёри фоизи қарзҳои мазкур аз 4,5% то 5,5%-и солонаро ташкил медиҳад.

Тибқи созишномаи мазкур, то аввали соли равон 10 ширкати Тоҷикистон ба маблағи умумии 5,6 млн доллар қарз гирифтаанд. Дар санади дуним сол пеш имзошуда маблағгузории тоҷирони тоҷик танҳо барои интиқоли молу маҳсулоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Дар доираи созиши ҳосилшуда ба маблағи зиёда аз 33 млн доллар додани қарз ба тоҷирони тоҷик дар назар аст.

Мувофиқи шартҳои созишнома, дар ин ҷараён “Амонатбонк” ба сифати кафил иштирок мекунад, яъне ба ширкатҳои Тоҷикистон мактуби кафолатнок медиҳад ва ширкатҳо тариқи он аз Ӯзбекистон молу маҳсулот мегиранд.

Қарзҳои Ӯзбекистон ба муҳлати аз 1 то 3 сол дода мешаванд: агар таҳвилгар маҳсулоти ниёзи мардум ворид карданӣ бошад – то 1 сол ва агар таҷҳизот интиқол доданӣ бошад – ба муҳлати то 3 сол.

Бо ҳар кадоме аз қарордод ба маблағи то 1 млн доллар қарз дастрас кардан имкон дорад.

Дар Хуҷанд ҳам беморхонаи сироятӣ месозанд

Дар шаҳри Хуҷанд беморхонаи нави сироятии вилояти Суғдро месозанд. Дар ин бора Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори  Хуҷанд зимни нишасти хабарияш, имрӯз, 9-уми феврал иттилоъ дод.

Беморхонаи нави сироятии Суғд дар маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд, дур аз маркази шаҳр дар масоҳати 5 гектар қитъаи замин бунёд хоҳад шуд. Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд гуфт беморхонаи нав бо дастури раиси вилояти Суғд сохта мешавад.

“Лоиҳаи беморхонаи сироятшиносӣ омода ва тасдиқ шудааст. Дар маҳаллаи Чашмаи Арзана қитъаи замин муайян шудааст. Ҳоло ҳуҷҷатгузорӣ идома дорад ва баъди анҷоми ин кор сохтмон оғоз мешавад”.

“Иммунитет аз COVID-19”: вазири тоҷик сабаби қимат шудани тухмро гуфт

Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар шарҳи боло рафтани нархи тухм дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки якум наздики 70 дарсади ғизои парранда ба кишвар аз хориҷ ворид карда мешавад. Ӯ таъкид намуд, ки хоҳем нахоҳем омили хориҷӣ ба нархи тухм таъсир мерасонад.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон аз омилҳои дигари болоравии нархи тухмро афзоиши талабот гуфт, ки чун мардум ба гуфтаи ӯ дар замони коронавирус мехоҳанд иммунитети қавӣ дошта бошанд.

Зиёзода дар баробари таъкиди асоснокии нархҳо иттилоъ дод, ки аз ҳисоби тавлиди бархе омехтаҳои хӯроки паранда дар кишвар мехоҳанд, нархи ин маҳсулотро нигоҳ доранд.

Ба итилои вазир, тибқи меъёрҳои физиологӣ, ки Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ҳар сокини ҷумҳурӣ бояд соле 180 дона тухм истеъмол кунад. Аммо корхонаҳои Тоҷикистон соли гузашта 983 миллион дона тухмро истеҳсол кардаанд, ки сари ҳар сокин 106 дона рост меояд.

Ба гуфтаи вазир, барои таъмини талаботи физиологии тоҷикистониён ба тухм зарур аст, ки дар кишвар соле на кам аз 1 миллиарду 600 дона тухм истеҳсол карда шавад.

Сообщение Чанд сокини Хуросон, аз ҷумла се занро барои тазоҳурот ҳабсу ҷарима кардаанд появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram