Бузургонро бузургон зинда медоранд. Устод Мирзо Турсунзода аз нигоҳи Пешвои миллат

 

31.03.21.9Магар бар сари миллати тоҷик мурғи ҳумо биншаста буд, ки дар асри бист се фарзанди бузургу фарзонааш – устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзодаро ба мардуми ҷаҳон армуғон овард ва онҳоро дар хидмати инсоният вогузошт.
Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона зикр кардаанд: «Дар асри бист саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик бо номи абармардони бузург Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода робитаи ногусастанӣ дорад ва ин фарзандони наҷиб қисмати халқи хешро дар марҳилаҳои ҳассоси таърихӣ ба маҷрои худшиносии миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон равона сохтаанд». Хуршеди истиқлолият бар сари ин бузургон дурахшид ва дар партави он номашон, осори бегазандашон ва кору пайкори беназирашон, ҷилои тоза пайдо кард. Бо назардошти хидматҳои бузург ва фидокорияшон дар поягузории Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, инкишофи тамаддун, худшиносии миллӣ, тарғиби ғояҳои сулҳ, дӯстии халқҳо ва густариши нуфузи байналмилалии Тоҷикистон, бо Фармони Президенти кишвар бо унвони Олии мамлакат — Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гардиданд.
Устод Мирзо Турсунзода ду бор – ҳам дар асри бист ва ҳам дар асри бисту як — дар даврони Истиқлолияти давлатӣ сазовори унвони қаҳрамонӣ гардидааст, ки гувоҳи мақоми бузурги таърихии ӯст.
Роҳи ҳаётии шоир аз остонаи сангини кулбаи падар дар Қаратоғ оғоз ёфта, то дурдасттарин кишварҳо ва қитъаҳои олам расидааст ва бо амри тақдир фарозандаи парчами сулҳу ваҳдату дӯстӣ ва номи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон гардид. Худ бо ифтихор гуфтааст:
Рӯди хурди деҳаи ман ҷастухезе мекунад,
Осмони Тоҷикистон рангрезӣ мекунад.
Аз лаби ин рӯд, аз қишлоқи ҷоноҷони ман
Сар шуд овози дили ман, мурғи хушилҳони ман.
Бо садои Осиё ҳамроҳ шуд, ҳампой шуд,
Дар сафи эҷодкорони саодат ҷой шуд.
Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба ифтихори бузургдошти устод Мирзо Турсунзода ду маротиба ҷашни бошукӯҳ доир гардид. Бар асоси Қарори Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии Юнеско 27-уми октябри соли 2001 дар Кохи Ваҳдати пойтахт ва 14-уми октябри соли 2011 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ 90 ва 100-солагии шоири бузург таҷлил шуданд, ки дар онҳо Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат ва суханронӣ намуда, аз ҷумла, гуфтанд: «Барои ман боиси ифтихор аст, ки дар ду ҷашни бошукӯҳи шоири шаҳир ва қаҳрамон иштирок намоям ва аз сари минбар сухан гӯям».
Ба андешаи Сарвари давлат Мирзо Турсунзода чун шогирди содиқу вафодор дар паҳлуи устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ қарор дошта, ба хотири поягузории адабиёту фарҳанги нави тоҷик хидматҳои бузурге карда, дар роҳи бедорӣ, инкишофи тафаккури таърихӣ, худшиносии миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти халқҳои ҷаҳон фаъолона ширкат варзидааст. «Ӯ тафаккури фарогири кураи Замин ва дили дардошное дошт. Меҳру муҳаббати ӯ дар ошёни баландтарин дар дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи дурахшони фарзанди маҳбубу арҷмандашро то абад ҳифз хоҳад кард», — таъкид медорад Сарвари давлат. Инчунин, бо ифтихор зикр намуданд, ки Мирзо Турсунзода эҷоди асарҳои баландмазмунро бо фаъолияти ҷамъиятӣ тавъам пеш бурда, ҳамеша ба комёбиҳо ноил мегашт. Беш аз 30 сол роҳбарии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бар уҳда дошта, махсусан дар тарбияи адибони ҷавон, комёб гардида, мактаби адабии худро ба вуҷуд оварда буд. Ин иқдоми ӯ дар адабиёти муосири тоҷик роҳу равиши тозаи эҷодӣ ва навҷӯиро бунёд гузошт.
Дар суханрониҳои Пешвои миллат эҷодиёти Мирзо Турсунзода, аз ҷумла достонҳои безаволи ӯ «Қиссаи Ҳиндустон», «Духтари муқаддас», «Садои Осиё», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин», «Ҳасани аробакаш», «Аз Ганг то Кремл» бозтоби худро ёфтаанд, ки онҳо гувоҳи истеъдод ва тафаккури баланди шоир мебошанд. Ин асарҳо оинаи пурҷилоянд, ки дар онҳо ҳаёти халқи тоҷик ва олами Шарқи хориҷӣ хеле равшану дурахшон таҷассум ёфтаанд. Ин асарҳо пешопеш ва аз паси онҳо ном ва истеъдоди шоири сухангустар дар саросари ҷаҳон паҳн гардидааст.
Аз замоне ки Мирзо Турсунзода ба даст хома гирифт ва аввалин шеърҳояшро иншо намуд, Тоҷикистонро дар мадори илҳому табъи баландаш қарор дод ва асарҳое офарид, ки меҳри диёрашро дар дилҳо шуълавар сохт. Тоҷикистон барои шоир «муҳраи меҳри дилу беҳтар зи ҷон» гашта ва рангу бӯи диёр барояш биҳишти воқеӣ буд.
Мо инро ҳатто аз номаҳои шахсии шоир бисёр равшан дарк менамоем. Устод моҳи июли соли 1971 аз осоишгоҳи Есентуки ба писараш Масъуд навиштааст: «Агар Есентуки оби шифои дарди меъда намедошт, сад қасам, ки боду ҳавои лаби дарёи Душанбе садҳо маротиба дилкаштар ва гуворотар мебуд. Насими оби Варзоб ба ҷони ман марҳам буд, дар ин ҷо бошад, ҳама вақт бо дарди сар мегардам».
Ҳамин ҷумлаҳои кӯтоҳ кофист, ки мо аз муҳаббати поку беолоиши шоири бузург нисбат ба ин кишвари хуррамзамин ва хуршедӣ комилан воқиф гардем. Мардумон шеъру достонҳои аз ғояи дӯстиву бародарӣ саршорашро мутолиа намуда, дар дилашон нисбат ба ӯ ва Тоҷикистон меҳри ҷӯшон пайдо кардаанд.
Халқи тоҷик аз тақдири хеш менозад ва ифтихор менамояд, ки дар асри бист- асри таҳаввулоти бузург, кору пайкорҳои азим, муборизаҳои шадиду хунин, фаноёбии мустамликадориву истеъморгарӣ ду фарзанди азизу арҷмандаш Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода дар роҳи озодиву истиқлол, худшиносиву ифтихори миллӣ, омӯзишу рушди тамаддун ва пойдории сулҳу оромӣ дар олами Шарқ ҳиссаи ниҳоят бузург гузоштаанд.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат зимни суханронии худ махсус таъкид карда, ки сарнавишт масъулияти бузургу пурифтихореро бар дӯши Мирзо Турсунзода вогузошт, то мақсаду мароми ҳаёташро ба хизмати дӯстӣ ва бародарии мардуми олам, бахусус халқҳои Осиё ва Африқо, бахшад.
Ин иқдоми олии башардӯстона, бешубҳа, барои наслҳои ҷавони имрӯзу фардо ҳамчун намунаи ибрат хидмат хоҳад кард.
Мирзо Турсунзода яке аз ташаббускорон ва асосгузорони таъсис ёфтани Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо ва бунёди нахустин Анҷумани нависандагони ин ду қитъаи бузурги олам буд. Ӯ аз иштирокчиёни фаъоли конгрессҳои сулҳпарварон дар Париж ва Варшава буд, ки онҳо ба ҳаракати тарафдорони сулҳ дар ҷаҳон асос гузоштаанд. Шахсиятҳои барҷастае чун Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ба туфайли сеҳри истеъдод ва кору амали худ Шарқу Ғарбро бо торҳои басо муқтадири умумиинсонӣ ба ҳам наздик ва дӯст намуданд.
Аҳли ҷомеа ба фаъолияти  пурсамари Мирзо Турсунзода, ки чун нахустин раиси Кумитаи шӯравии якдилии халқҳои Осиё ва Африқо 20 соли ҳаёташро ба он бахшидааст, баҳои баланд додаанд. Яке аз шахсиятҳои маъруф Александр Дзасохов, ки даҳ сол дар паҳлуи Мирзо Турсунзода кору фаъолият доштааст, мегӯяд: «Табиат ба Мирзо Турсунзода табассуми хирадмандона ато карда буд, ки он ба дили ҳар як ҳамсуҳбат, хоҳ ӯ худӣ бошаду хоҳ бегона, хоҳ аз кишвари дур бошаду хоҳ наздик, хоҳ ҳамраъй бошаду хоҳ зидақида роҳ меёфт. Хотираи бисёр сафарҳоям, ки ҳамроҳи Мирзо Турсунзода ба мамлакатҳои Осиё ва Африқо сурат гирифта буданд, вохӯриҳо бо ходимони давлатӣ, ходимони барҷастаи сиёсӣ, деҳқонон ва коргарон, ҳарбиён ва партизанҳо басо зинда пеши назар меоянд».
Дар ҳошияи ин ҳама суханҳо зикр намудани андешаҳои ҷолиби шоири маъруф Муъмин Қаноат матлабро боз ҳам равшантар менамояд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки минбар бисёр баланд буд ва Мирзо Турсунзода бузург шуданд. Ман мегӯям, ки дар он минбар дигарон ҳам буданд, лекин бузург нашуданд, баръакс, он кас минбарро бузург карданд. Ба чӣ ваҷҳ бузург карданд? Бо самимияти тоҷиконаашон ва забони ширини тоҷикӣ, ахлоқи тоҷикона, хоксорӣ, баъд хирадмандиашон дар риштаи дипломатия, ки аз соли 1947 то охири умр дар ҳамин ҷода буданд, як бор як ҳарфи ғалат нагуфтаанд, як амали хато накардаанд. Ҳаракати якдилии кишварҳои Осиё ва Африқоро ба мақоме бароварданд, ки сиёсати ҷаҳонӣ шуд».
Пешвои миллат зимни суханронии хеш бо таассуф ёдовар шудаанд, ки сулҳу амнияти ҷаҳон, ки Мирзо Турсунзода барои онҳо талошҳои зиёд кардааст, ҳоло зери хатари ҷиддӣ қарор дорад. Авзои ҷаҳон торафт шиддат ёфта, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккил, вусъат пайдо карда, ҳатто ба истиқлоли баъзе кишварҳои сайёра таҳдид менамоянд.
Дар чунин авзоъ садои  Мирзо Турсунзода бар фарози сайёраи мо танинандоз мегардад: «Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун!».
Дар суханрониҳои Президенти мамлакат омада, ки «Ашъори сипаҳсолори назми даврони мо Мирзо Турсунзода ба 60 забони халқҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр шудаанд».
Дар ин иртибот шоиста аст, ки суханони муборизи роҳи сулҳ ва ҳамсафу ҳамсафари Мирзо Турсунзода, шоири маъруф Николай Тихоновро ба ёд оварем, ки нисбат ба шуҳрати дӯсти худ ва ашъори ӯ баён доштааст:
«Шеърҳои Мирзо Турсунзода амсоли чашмаҳои хурӯшону мусаффои кӯҳистони тоҷик ҷорӣ гардида ва ба ҳам омада, ба дарёи пуртуғёне табдил ёфтаанд ва ҳар як дӯстдори назми  нобро шод кардаанд. Ман борҳо шоҳиди он будам, ки мардуми Шарқи хориҷа ашъори шоирро бо шӯру шавқи зиёд мешуниданд, ба ваҷд меомаданд ва ба шоир аҳсант мегуфтанд. Мирзо Турсунзода нотиқи шуълаваре буд. Садои пурэҳтироси ӯ дар бисёр шаҳрҳои Осиё, Аврупо ва Африқо баланд гардидааст.
Ӯро дар минбари конгрессу анҷуманҳои байналхалқӣ, дар хаймаи бодиянишинон ва қасри роҷаҳо, дар кулбаи бамбукӣ ва хонаи гилин, дар суҳбати деҳқонони хориҷӣ ва дар саҳроҳои зарнисори ватанаш дидаанд. Дар ҳама ҷо шеъри ӯ баланд садо медод».
Ном ва шеъри Мирзо Турсунзода ҳамболи мурғи ҳумо ба сӯи ояндаҳои дур баландпарвоз аст. Шоир ҳамарӯза бо шеъри худ дар гуфтугӯст:
Шеъри ман!
Медонамат, зебо саманди ман туӣ,
Рӯзи майдон беамон тиру каманди ман туӣ,
Осмони беғубори дилписанди ман туӣ.
Дуртар, болотар аз арҷу само парвоз кун,
Чунки танҳо кавкаби бахти баланди ман туӣ.
Ба андешаи Пешвои миллат таҷлили бошукӯҳи 90 ва 100 – солагии Мирзо Турсунзода дар даврони истиқлолият падидаи дурахшони болоравии тафаккури таърихӣ ва худшиносии миллии халқи тоҷик мебошад. Тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла наслҳои ҷавону наврас, бояд донанд, ки ҳаёти ибратбахш, фаъолияти доманадори адабию ҷамъиятии устод Мирзо Турсунзода ҳамчун фарзанди асили халқ бо равандҳои навсозии мамлакат, озодию истиқлолият ва рушду камоли миллати сарбаланди мо сахт алоқаманд аст. Итминон дорем, ки наслҳои оянда ба ифтихори устод Мирзо Турсунзода анҷуманҳо ва ҷашнҳои бошукӯҳ доир хоҳанд кард. Зеро мероси Мирзо Турсунзода сарвати бебаҳои миллати тоҷик ва ҷаҳон мебошад.
Даъвати Пешвои миллат дар бузургдошти 100-солагии устод Мирзо Турсунзода чун як суруди шево ба гӯш мерасад:
«Бигзор, каломи оташин, мавзун ва нобу шевои Мирзо Турсунзода қалби мову шумо, тамоми халқи тоҷик ва ҷаҳонро софу мунаввар ва чун оина пурҷило гардонад!»
Тамоми дӯстдорони шеъри Мирзо Турсунзода бо суханони Пешвои миллат ҳамнаво гардида хоҳанд гуфт:
«Зиҳӣ, Мирзо Турсунзода ва шеъри ҷаҳонгири ӯ!»
  
Раҷабалӣ ҚУДРАТЗОДА,
Корманди шоистаи 
Тоҷикистон

 

Мо дар Telegram