Брендикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиию фарҳангӣ дар минтақаи Хатлон ва ворид намудани онҳо ба феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО

 

Брендикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиию фарҳангӣ дар минтақаи Хатлон ва ворид намудани онҳо ба феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКОСеминари навбатӣ дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон вобаста ба брендикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиию фарҳангӣ махсусан «Чилучорчашма» ва Мадрасаи «Хоҷа Машҳад» баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО Абдусаломов Мирзошариф, намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Сайёд, намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар намояндагону масъулини соҳаи сайёҳӣ ва нозирони ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Шаҳритус ва Носири Хусрав иштирок намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки маҳз ҳамкорӣ ва ташаббусҳои муштарак ва тавъами мақоми ваколатдори соҳаи сайёҳӣ, яъне Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати фарҳанг ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки рӯз аз рӯз туризм махсусан туризми таърихию фарҳангӣ дар кишвар рушд карда истодааст ва объектҳои таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои табиию фарҳангии мо аз ҷониби Созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардида, дар Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд ва боз раванди вориднамоӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки ёдгории таърихию фарҳангии Мадрасаи Хоҷа Машҳад аллакай дар Феҳристи ёдгориҳои мероси мансуб ба Исломи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ворид аст, ҳамчунин ин ёдгории таърихию фарҳангӣ то ин дам дар Феҳристи пешакии мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуда, умед аст, ки дар ояндаи наздик дар Феҳристи асосӣ ворид карда шавад. Ёдгории табиию фарҳангии Чилучорчашма низ мавзеъе мебошад, ки ҳазорон сайёҳонро дар ҳайрат гузоштааст ва ин мавзеъ низ дар ояндаи наздик барои ворид шудан ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ пешниҳод карда мешавад.

Дар семинар маърӯзаҳо шунида шуда, ҳамин тавр семинар бо саволу ҷавоб, изҳори назарҳо ва эроду таклифҳо анҷом ёфт.

Мо дар Telegram