Бозии финалии Ҷоми Федератсия-2021-ро Хуршед Дадобоев аз Хуҷанд ҳакамӣ мекунад

Департаменти доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати хизматрасони  бозиҳои ҷамъбастии Ҷоми Федератсия-2021-ро таъин намуд.

Бозӣ барои ҷои сеюмро, ки соати 11:00  байни “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАз”-и Турсунзода дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад, довари душанбегӣ Насим Ҳамидов ҳакамӣ мекунад.

Бозии ҳалкунандаи мусобиқаро байни “Хатлон”-и Бохтар ва “Истиқлол”-и Душнбе бошад, Хуршед Дадобоеви хуҷандӣ доварӣ хоҳад кард. Ин бозӣ, соати 15:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

 

Ҷоми ФФТ-2021

20 феврал (шанбе)

Бозӣ барои ҷои сеюм

Оғози бозӣ – соати 11:00

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ»

СардоварНасим Ҳамидов (Душанбе).

ЁваронВафо Қараев (Шаҳринав), Фарҳод Куралов (Душанбе).

Довари эҳтиётӣРустам Нурматов (Душанбе).

Нозири доваронУмед Раҳимов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Душанбе).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Бозии ниҳоӣ

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Хатлон» – «Истиқлол»

СардоварХуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Ёварон: Ҳасан Каримов, Исмоил Нуралиев (ҳарду аз Норак).

Довари эҳтиётӣАбдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доваронҲамза Пиров (Шаҳринав).

Комиссари бозӣҶовидон Ҳасанов (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Мо дар Telegram