Бозии байни тимҳои миллии Тоҷикистону Муғулистонро ҳайати доварон аз Ироқ ҳакамӣ мекунанд

Бозии даври ҳафтуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 байни тимҳои миллии Тоҷикистону Муғулистонро дар гурӯҳи “F», ки рӯзи 25-уми марти соли 2021, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад, ҳайати доварон аз Ироқ хидматрасонӣ мекунад.

Сардоварӣ бозӣ, рефери 44-солаи ФИФА Алӣ Сабоҳ Ал-Кайси мебошад. Ӯ аз соли 2009 довари дараҷаи байналмилалӣ мебошад. Ал-Кайсиро дар канори майдон ҳамватанонаш – ёварони рефери ФИФА Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ Убайдӣ ва Амир Ҳусейн кӯмак хоҳанд кард. Вазифаи довари чорумро намояндаи дигари Ироқ, рефери ФИФА Зайд Тхамер Муҳаммад иҷро мекунад. Кори доварони бозиро нозир Аҳмад Ёқуб Ҷумъа аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ назорат хоҳад намуд. Комиссари бозӣ Ҳамид Муминӣ аз давлати Эрон таъин шудааст. Инчунин, намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё – Жун Хван Вон аз Куриёи Ҷанубӣ низ дар бозӣ иштирок намуда, онро мушоҳидаву назорат мекунад.

Ёдрас мешавем, ки бозии даври ҳафтуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 байни тимҳои миллии Тоҷикистону Муғулистон, рӯзи 25-уми марти соли 2021, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Нархи билетҳои бозӣ 20 сомонӣ муқаррар шудаст.

 

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022

Даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобӣ

Гурӯҳи «F».

25 март (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

ТОҶИКИСТОН – Муғулистон

СадоварАли Сабоҳ Ал-Кайси (Ироқ).

ЁваронҲайдар Абдулҳасан Алӣ Убайдӣ, Амир Ҳуссейн (ҳарду аз Ироқ).

Довари захираЗаид Тхамер Муҳаммад (Ироқ).

Нозири доваронАҳмад Яқуб Ҷумъа (ИМА).

Комиссари бозӣҲамид Муминӣ (Эрон).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Мо дар Telegram