Бозиҳои моҳи июнии мунтахаби миллии Тоҷикистон ба шакли мутамарказ дар Ҷопон мегузаранд

Конфедератсияи футболи Осиё кишварҳои мизбони бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2021-ро муайян намуд. Вохӯриҳои мазкур ба таври мутамариз аз 31 май то 15 июн баргузор хоҳанд шуд.

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “F” баромад мекунад, бозиҳои моҳи июнии худро бо Ҷопон (7 июн) ва Миянмор (15 июн) дар давлати Ҷопон хоҳад гузаронд.

Рӯзи 25 март, тими миллии Тоҷикистон дар доираи бозиҳои даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бо мунтахаби миллии Муғулистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вомехӯрад. Оғози бозӣ – соати 18:00.

 

Мизбонони бозиҳои мутамаркази марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022:

Гурӯҳи A: Чин.

Гурӯҳи B: Кувайт.

Гурӯҳи C: Баҳрайн.

Гурӯҳи D: Арабистони Саудӣ

Гурӯҳи E: Қатар.

Гурӯҳи F: Ҷопон.

Гурӯҳи G: АМА.

Гурӯҳи H: Куриёи Ҷанубӣ.

Мо дар Telegram