Боз як кишвари дигар марзи ҳавоиро барои шаҳрвандони Тоҷикистонро боз кард

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз 5-уми март тавассути ҳавопаймо боз  ба як кишвари дигар бо пешниҳод намудани натиҷаи манфии РЗП ворид шуда метавонанд. 

Ҳукумати Гурҷистон рӯйхати кишварҳоеро тавсеа дод, ки аз онҳо тавассути марзи ҳавоӣ бо натиҷаи манфии санҷиши коронавирус бидуни гузаштан аз карантини ҳатмӣ вориди ин кишвар шудан мумкин аст. Ба ин кишварҳо Тоҷикистон низ дохил мешавад. Шаҳрвандони Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ иҷозаи вуруд гирифтанд. 

Мушаххас карда шудааст, ки дар сурати омадан аз ин кишварҳо, озмоиши манфии РЗП-ро на дертар аз 72 соат пеш аз омадан пешниҳод кардан лозим аст. 

Пештар маълум шуд, ки Тоҷикистон парвозҳо бо Қазоқистон ва Афғонистонро аз сар мегирад.

Боз як кишвари дигар марзи ҳавоиро барои шаҳрвандони Тоҷикистонро боз кард

Внуково умедвор аст, ки ҳаракати ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баҳор аз сар гирифта хоҳад шуд

Мо дар Telegram