Боз як кишвари дигар бо Тоҷикистон парвозҳоро барқарор кард

Боз як ҷумҳурии дигар бо Тоҷикистон парвозҳоро барқарор намуд. Ин ҳам Афғонистон мебошад, ки пас аз як соли маҳдудиятҳо дар самти Душанбе-Кобул арвозҳоро аз нав мегиранд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба   директори Агентии авиатсияи граждании  назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода.

Яке аз ширкатҳои парвозҳоро анҷом медиҳад, ширкати ҳавоии Афғонистон «KamAir» мебошад. Шарти асосии барқарор шудани парвозҳо риояи ҳамаи қоидаҳои муайян гардида бар зидди коронавирус ва пешниҳод намудани ташхис оиди надоштани Covid-19 на дертар аз 72 соат мебошад.
Бояд қайд кунем, ки тирамоҳ сарҳадҳои заминӣ миёни ду кишвар барои донишҷӯёни афғоне, ки дар қаламрави тоҷикистон таҳсил мекунанд боз шуда буданд.

Парвозҳои мунтазам бо Қазоқистон аз 14 март оғоз мегарданд ва Тоҷикистон интизори барқарор шудани парвозҳо бо Россия мебошад. Аммо, қарор оиди ин масъала баъд аз пешниҳоди гузориши гурӯҳи кории “Роспотребнадзор” аз Тоҷикистон бароварда мешавад.

Боз як кишвари дигар бо Тоҷикистон парвозҳоро барқарор кард

Самтҳои нави парвозҳо миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Россия

Мо дар Telegram