Боз як ҷасади дигар дар кӯҳҳои Левакант. Бонуи 23-соларо низ ҳалокшуда дар баландии тахминан 2000 метр пайдо карданд

Левакант

Ба назар мерасад ду ҳамшира дар як макон ҳалок шудаанд. Бино ба иттилои  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  рӯзи гузашта, 13-уми апрел сокинони деҳаи Зағертии шаҳри Левакант аз пайдо шудани боз як ҷасад дар баландии бештар аз 2000 метр хабар доданд.

Дастаи махсуси наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ҳамроҳ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Ҷасадро аз баландӣ, бо роҳҳои душворгузари кӯҳӣ, ки ҳудудан 6 километр масофа буд, поин оварданд.

Маълум шуд, ки марҳум як ҷавондухтари 23-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ будааст.

Дирӯз ҳам хабаре дар ин бора доштем, ки имдодгарон аз ҳамон мавзеъ ҷасади як духтари 16-соларо поин оварда буданд.

Ҷасади духтари 16-сола дар кӯҳ. худкушӣ ё куштор? мақомот таҳқиқ мекунанд

Ба назар мерасад ин ду ҳамшираанд, ки ба кадом сабабе кӯҳ рафтаву ҳалок шудаанд.

Дар бораи сабабҳои ин ҳодиса ҳанӯз маълумоти дақиқ дар даст нест. Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Левакант парванда боз кардаву тафтиш мекунад.

Он чи маълум аст, ин ду тан се моҳ пеш бенишон шуда буданду пайвандонашон меҷустанд.

барчасп: 
Мо дар Telegram