Бо фарҳанги Осиёи Марказӣ дар ҷашнвораи «Тюбетейка» дар Маскав ошно шавед

Аз 8 то 11 апрел дар Маскав Фестивали байналмилалии фарҳангҳо ва бозори шарқии «Тюбетейка» баргузор мешавад.
Фестивал аз соли 2018 мунтазам гузаронида мешавад. Вазифаи он шинос кардани москвагиҳо ва меҳмонони шаҳр бо мероси фарҳангӣ, бадеӣ, таърихии халқҳои Узбекистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Гурҷистон ва тамоми Русия мебошад. 
Дар ин чорабинӣ на танҳо шиносоӣ бо санъат ва ҳунари мардумони Шарқ, балки инчунин харидани асарҳои устодон аз кишварҳои гуногун имконпазир хоҳад буд. 
Ғайр аз он, ҷашнвора барои рушди робитаҳо дар муҳити тиҷорат равона шудааст. Дар он ширкатҳое ширкат меварзанд, ки ба намоиши маҳсулоти худ ва ҷустуҷӯи шарикони тиҷорӣ манфиатдоранд. 
Дар фестивал нависандаи маъруф, лауреати мукофотҳои гуногун дар соҳаи адабиёт Гулсифат Шаҳидӣ фарҳанги тоҷиконро муаррифӣ мекунад. Мулоқот бо ӯ рӯзи шанбе, 10 апрел, соати 13.00 баргузор мешавад. 
Инчунин, дар барномаи ид лексияҳои ҷолиб, мастер-классҳо, барномаи консертӣ ва хӯрокҳои идона шомил карда мешаванд. Алишер Назиров, сафолсоз аз Ӯзбекистон, мастер-класс баргузор мекунад ва тарроҳони қирғиз дар доираи намоиши мӯд коллексияҳои худро ба намоиш мегузоранд.
Маълумоти муфассал дар бораи чорабинӣ ва чиптаҳо дар инҷо дастрас аст. 
Бо фарҳанги Осиёи Марказӣ дар ҷашнвораи "Тюбетейка" дар Маскав ошно шавед

«Назари рассом — нигоҳи ҳакими шарқ”- намоишгоҳи Аъзам Атаханов дар Маскав

Мо дар Telegram