Бизнес форуми Афғонистон-Беларус-Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Бизнес форуми се ҷонибаи Афғонистон Беларус ва Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси палатаи савдои Тоҷикистон Рустамова Манзура ва раиси палатаи савдои Беларус Владимир Улахович ва сафирони ду кишвар Олег Иванов ва Моҳаммад Зоҳир Ахбар баргузор шуда истодааст. 
Дар кори форум намояндагони беш аз 200 ширкатҳои гуногуни соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ ва нақлиётӣ иштирок варзиданд. Дар рафти форум созишномаҳои дуҷониба ва се ҷониба ба имзо расонида шуд.
Баъди қисми расмии форум гуфтугӯ миёни намояндагони сектори хусусӣ дар форматм В2В ба нақша гирифта шудааст.

Мо дар Telegram