Бисту як тармаву 9 сели як шабонарӯз дар қаламрави ВМКБ

Бисту як тармаву 9 сели як шабонарӯз дар қаламрави ВМКБ

Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи боришҳои шадид дар қаламрави ВМКБ 21 ҳодисаи лағзиши тарма, 9 сел ва 4 резиши санг ба қайд гирифта шуд. Чунончӣ,  28 – уми март дар қаламрави ноҳияҳои Ванҷ, Роштқалъа, Шуғнон, Рушон, Ишкошим ва Мурғоб ҳодисаҳои лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сангу рег сабт шуд, ки дар натиҷа роҳҳои мошингард дар қитъаҳои гуногун муваққатан баста шуданд.

Барои бартараф намудани паёмадҳои офатҳои табиӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёт техникаи махсус барои тоза кардани роҳҳо ҷудо карда шуд. Дар айни замон ин роҳҳо бастаанд. Дар офатҳои табиӣ хушбахтона, талафи ҷонӣ ва вайрониҳо ба қайд гирифта нашудааст.  

Ҳамаи воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати омодабоши ҷиддӣ даромада ва дар минтақаҳои осебпазиру хавфнок навбатдориҳои шабонарӯзӣ ташкил карда шудаанд. Ин гуна навбатдориҳо ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохӯш дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе – Ванҷ ба роҳ монда шудаанд. 

Ба сабаи боришҳои шадид ва баланд рафтани дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии Водии Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма, сангрезӣ ва омадани сел вуҷуд дорад. 

Дар ҳамин иртибот КҲФ бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои душворгузари кӯҳӣ ва тармахезу сангрез худдорӣ кунанд. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо ба ғунучини ҳезум, роҳандозии корҳои кишоварзӣ ва чаронидани чорво нараванд. 

Ронандагон ҳангоми ҳаракат ҷиддан қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳоро риоя намоянд, суръати ҳаракатро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд. 

барчасп: 
Мо дар Telegram