Билети донишҷӯи бар ивази билети ҳарбӣ

Тағиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ҳануз ҳам идома дорад. Баъд аз ихтиёр додан ба наваскарони Тоҷикистон пулакӣ ё пурра адои хизмати ҳарбӣ намудан, боз як лоиҳаи дигар оиди ҳавасандгардонии ҷавонон ба парлумон пешниҳод шудааст. 

Акнун раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод пешниҳод кардааст, ки шаҳрвандоне, ки адои хизмати ҳарбӣ намудан ба онҳо имтиёзҳо ҳангоми дохилвашӣ муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат бидуни озмун дода шавад.

Ҷаласаи парлумон, бо иштироки М. Зокирзода гузашт ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, ба он пешниҳоду хулосаҳои худро илова намуда ҷонибдорӣ намуданд.

Билети донишҷӯи бар ивази билети ҳарбӣ

Донишҷӯёни тоҷик иҷозати вуруд ба Русияро гирифтанд

Мо дар Telegram