“Барқчӣ”-и Ҳисор ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия-2021 баромад

“Барқчӣ”-и Ҳисор дар даври сеюми марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи “Ваҳдат”-и Ваҳдатро бо ҳисоби 4 бар 2 шикаст дода. Ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Дар гурӯҳи “А” дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби калони 4 бар 1 “Локомотив-Помир”-и Душанберо шикас дода, КМВА бар “Шоҳмансур бо ҳисоби 2 бар 0 ғалаба кард.

Дар гурӯҳи “Б” бошад “Барқчӣ”-и Ҳисор бо ҳисоби 4 бар 2 дастаи  “Ваҳдат”-и Ваҳдатро мағлуб намуда, дастаи “Душанбе-83” бо ҳисоби минималии 1 бар 0 бар “Истиқлол” пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, бозиҳо дар гурӯҳи “Б” ҷамъбаст шуданд ва дастаҳои “Истиқлол” бо “Барқчӣ” ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия-2021 роҳ ёфтанд.

Дар гурӯҳи “А” бошад боз ду даври дигар боқӣ мондааст. Баъди ду даври бозиҳо дар ҷадвали мусобиқа “Кӯктош” бо 7 имтиёз пешсаф мебошад. Аз ин гурӯҳ ҳам ду дастаи мақомҳои аввалу дуюм ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

 

Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021

Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе

Гурӯҳи «А». даври 3-юм

«Кӯктош» – «Локомотив-Помир» – 4:1

ГолҳоАкобир Тӯраев, 26 (1:0). Азизбек Ҳасанов, 42 (1:1). Акбари Шелдари Араш, 49 (2:1). Фирӯз Раҳматов, 85 (3:1). Бенҷамин Асамоа, 90+1 (4:1).

 

КМВА – «Шоҳмансур» – 2:0

ГолҳоКомрони Мирзохон, 65 (1:0). Шодибек Ғаффоров, 66 (2:0).

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 3 2 1 0 8-1 7
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2 2 0 0 6-2 6
3 КМВА (Душанбе) 2 1 1 0 2-0 4
4 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 2 0 0 2 2-6 0
5 «Шоҳмансур» (Душанбе) 3 0 0 3 1-10 0

 

Даври 4-ум

1 феврал (душанбе)

10:30 – «Локомотив-Помир» – КМВА. Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Даври 5-ум

4 феврал (панҷшанбе)

10:30 – КМВА – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Шоҳмансур» – «Локомотив-Помир». Душанбе, варзишгоҳи макразӣ

 

Гурӯҳи «Б». даври 3-юм

«Ваҳдат» – «Барқчӣ» – 2:4

ГолҳоСунатулло Азизов, 4 (0:1). Сунатулло Азизов, 40 (0:2). Абдулло Шарипов, 60 (0:3). Абдуллоҷони Қурбоналӣ, 75 (1:3). Фирдавс Файззода, 78 (2:3). Хуршед Давлатзода, 87 (2:4).

 

«Истиқлол» – «Душанбе-83» – 0:1

Гол: Шавкати Ҳотам, 22.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 3 2 0 1 7-1 6
2 «Барқчӣ» (Ҳисор) 3 2 0 1 6-5 6
3 «Душанбе-83» (Душанбе) 3 1 1 1 3-3 4
4 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 3 0 1 2 3-10 1

 

Мо дар Telegram