Барои сохтмони як корхонаи таҷҳизоти барқӣ дар Душанбе 5 миллион доллар масраф хоҳад шуд

Дар Душанбе сохтмони корхонаи саноатии истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар назар аст. Корхона дар доираи барномаи давлатии ивази воридот сохта мешавад.
Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» созишномаи сармоягузорӣ оид ба сохтмон ва истифодаи як корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар Душанбе ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ Ховар.

Сохтмони корхона дар майдони 7 гектар ба нақша гирифта шудааст. Ифтитоҳи он ба 200 нафар кори доимӣ фароҳам меорад.
Ҳаҷми умумии сармоя ба ин сохтмон 5 миллион долларро ташкил хоҳад дод.

Барои сохтмони як корхонаи таҷҳизоти барқӣ дар Душанбе 5 миллион доллар масраф хоҳад шуд

Хизматчиёни давлатӣ бояд то 1 апрел оиди манбаъҳои даромади худ ҳисобот диҳанд

Мо дар Telegram