Барои сохтмони бинои маъмурӣ ва меҳмонхонаи маркази техникии ФФТ тендер эълон карда шуд

Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи ширкатҳои манфиатдори сохтмониро барои иштирок дар тендери сохтмони бинои маъмурӣ ва меҳмонхона барои маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, дар километри 40-уми Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд даъват менамояд.

Ҳамаи довталабони эҳтимолии ширкат дар лоиҳа бояд иштироки худро то 20 апрели соли 2021 тавассути почтаҳои электронии: tajikfootball@yahoo.com; tjk@the-afc.com иросл намоянд.

Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди тиҷоратӣ 30 апрели соли 2021 мебошад.

Дархости пешниҳоди тендериро барои сохтмони бинои маъмурӣ ва меҳмонхонаи Маркази техникии ФФТ аз сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон зеркашӣ кардан имкон дорад.

Мо дар Telegram