Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон 2021-2025 муаррифи шуд

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон оиди лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» нишаст ороста онро муаррифи намуд.
Барномаи мазкур самтҳои авфзалитноки иқтисодро дар бар гирифта дар ин муддат бояд аз шароитҳои мавҷуд буда истифода барад ва бо таҳияи таклифҳои пешниҳод гардида манбаъҳои иловагии рушди иқтисод ба роҳ монад.
Инчунин гуфта шуд, ки арзиши умумии барномаи миёнамуҳлат 115,3 миллиардро ташкил медиҳад, ки 51,3 миллиард сомонӣ (44,5 фоиз) аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, 35,1 миллиард сомонӣ (30,5 фоиз) маблағҳои шарикони рушд ва 28,9 миллиард сомонӣ (25 фоиз) маблағҳои бахши хусусӣ мебошад.
Акнун дар давраи 2021-2025 ҳукумат ҳамкориҳои зичро бо бахши хусусӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар созмонҳои молиявӣ ба роҳ мемонанд.
Маҷлиси муаррифии барнома бо роҳбарии Завқӣ Завқизода вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар вазорату идораҳои давлатӣ гузашт.

Мо дар Telegram