Барномаи махсуси таълими барои фарзандони муҳоҷирон дар Русия

Дар Русия барои боз ҳам зудтар мутобиқ намудани фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ, вазорати маориф барномаи махсуси таълимиро таҳия мекунад.
Мақсади барнома аз рӯзҳои аввали хониш сатҳи дониши хонандагонро муайян намуда, минбаъд аз рӯи самти махсус таълимро ба роҳ монад. 
Чи тавре, ки мутахассисон мегуянд муҳоҷирон тавассути фарзандҳои худ боз ҳам дониши забони русиро хубтар меомузанд ва ба ҷомеа зудтар мутобиқ мешаванд. 
Барномаи мазкур алҳол ҳамчун озмоишӣ аз аввали соли хониш оғоз мешавад ва барои муаллимон бошад курсҳо кушода мешавад, ки дар онҷо муносибати махсус бо чунин кудаконро тибқи маводҳои таълимии омодашуда меомузанд.
Инчунин, вазири маориф оиди фиристодани ҳазор муалимон ба кишварҳои хориҷ барои омӯзиши фанҳо ва фарҳангӣ Русия ба нақша гирифта шудааст, аз он ҷумла ба Тоҷикистон.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Русия боз барои довталабони кишварҳои пасошуравӣ низ грантҳои зиёд барои таҳсили баъдимактабӣ ҳамасола ҷудо мекунад ва донишҷӯёни хориҷӣ дар тамоми донишгоҳҳои ин кишвар аз рӯи ҳамаи намуди ихтисосҳо таҳсил намуда ба натиҷаҳои хуби касбӣ ноил мегарданд.
Мо дар Telegram