Баргузории ярмарка дар арафаи моҳи шарифи Рамазон

4O6A0630

Бахшида ба омад омади моҳи шарифи Рамазон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои ВКД, бо мақсади ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ярмаркаи маводи хӯрока баргузор гардид.

4O6A0612
Дар он маҳсулоти арзону хушсифат, аз қабили орд, равған, гушт, навъҳои гуногуни моҳӣ, тухм, картошка, пиёзу сабзӣ ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ пешкаши харидорон ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ карда шуд.

4O6A0609
Дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои ёрирасони мақомоти корҳои дохилӣ маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас, аз 40 то 50 фоиз нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузоштанд. Аз ҷумла, 1 килограм гушт — 40 сомонӣ, сабзӣ — 80 дирам, картошка ва пиёз – 1,5 сомонӣ, як қуттӣ тахм — 15 сомонӣ ва як литр равғани растанӣ 15 сомонӣ пешкаши мизоҷон карда шуд.

4O6A0607

Ҳалимзода С.

Мо дар Telegram