Баргузории ярмарка ба муносибати «Рӯзи Модар»

1631

Рӯзи 6-уми марти соли 2021 дар таваққуфгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба «Рӯзи Модар» ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ташкил карда шуд.

Ин иқдоми роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ нишонаи эҳтиром ба кормандзанони мақомот буда, маҳсулотҳои гуногуни озуқаворӣ, полезӣ, гуштиву ширӣ ва донагӣ бо нархи нисбатан арзон барои бонувон пешниҳод гардид.
Дар ин ярмарка маҳсулоти хӯрока аз қабили гушту биринҷ, равғану шакар, тухму орд, картошкаю пиёз, сабзавот ва дигар маҳсулоти ғизоӣ пешкаши харидорон карда шуд.
Тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасон пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо нархи онҳо 30 фоиз арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд, ки ин тӯҳфаи хуб дар арафаи «Рӯзи Модар» ба шумор меравад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳои идона чунин ярмаркаҳо пайваста аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда шуда, шаҳодат аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати кормандони ин сохтори бонуфузи қудратӣ мебошад.

1632

Ташкили ярмарка аз ҳама ҷиҳат барои бонувон манфиатовар буд, зеро имкон дод дар баробари сарфаи вақт аз нархи нисбат ба бозор арзон маҳсулоти озуқавориро харидорӣ намоянд.

Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Муродалӣ Саидзода

Мо дар Telegram