Баргузории машғулияти амалӣ дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ

Баргузории машғулияти амалӣ дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ29 январи соли 2021 дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои муқаррароти банди 20 Нақшаи кори Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2021 бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ машғулияти амалӣ баргузор гардид.

Мақсад аз баргузор намудани ин машғулият муаррифӣ ва тавзеҳи  муқаррароти Қоидаҳои пешбурди сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби ҷойгир ва нав кардани маводи иттилоотӣ, ки бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2020, №99 тасдиқ шудааст, ба ҳисоб меравад.Баргузории машғулияти амалӣ дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ

Мафҳум ва муқаррароти асосии қоидаҳои болозикрро ба иштирокчиён  ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Қурбонзода Наврӯз тариқи намоиш додани слайдҳо шарҳ дод.

Дар ҷараёни машғулияти амалӣ вобаста ба роҳҳои татбиқи дурусти Қоидаҳо миёни иштирокдорони машғулият муҳокимаронӣ сурат гирифта, ба онҳо тавсияҳои судманд пешниҳод карда шуданд.

 

 

 

Мо дар Telegram