Баргузории ҷамъомад бахшида ба Рӯзи Модар

Баргузории ҷамъомад бахшида ба Рӯзи Модар5 марти соли 2021 дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомад баргузор гардид.

Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Илёс Идрисзода бонувони Дастгоҳро ба муносибати Рӯзи Модар табрик карда, изҳор намуданд, ки занону модарон сарчашмаи ҳастӣ, тараннумгари зебоӣ, қадршиносӣ ва нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат мебошанд. Зеро Модар меҳрубонтарин шахс барои ҳар як инсон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан ва эҳтиром ба калонсолонро ҷой медиҳад.

Зан – Модар тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд

Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода, баҳри  баланд бардоштани нақши бонувон дар ҷомеа, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занон ва ҷалби бештари онҳо ба хидмати давлатӣ пайваста роҳнамоӣ ва чораандешӣ менамоянд.

Дар кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, бонувон тибқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ фаъолияти хешро амалӣ мегардонанд.

Зикр гардид, ки натиҷаи ғамхориҳои роҳбарияти олии сиёсии мамлакат аст, ки солҳои охир теъдоди  занони ихтисосманду соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият — мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ торафт зиёд мешавад.

Дар фарҷом, ба хотири арҷгузорӣ ва саҳми назаррас дар пешрафти кори мақомот ба бонувони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби фонди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулии якдафъаинаи пулӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Мо дар Telegram