Барфи баҳорӣ ва тармафароӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистонро имсол сардиҳо ҳануз пайгири намуда истодаанд зеро, ки шабонарузи гузашта 14 март кишварро барф фаро гирифт.

Боридани барфи баҳорӣ дар ин мавсим мушкилиҳои зиёдро ба миён меорад, чунки дарахтони  мевадиҳанда, ки аллакай шукуфтаанд метавонад онҳоро сармо занад ва ба ҳосилнокии он таъсир расонад. Соли гузашта 2020 низ баъд аз боридани барф дар моҳи апрел хусусан дар қисмҳои марказии кишвар ва шимол деҳқонон натавонистанд ҳосил ба даст оранд.
Ба ғайр аз сармо задани дарахтон инчунин, тармафораи низ сурат гирифт ва шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Хорӯғ мувақаттан баста шуд.

Кормандони ширкати IRS, ки хизматрасонии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷандро ба зима доранд, роҳро қисман аз барф тоза намуда самти аз Хуҷанд ба пойтахтро боз намуданд.
 Кумитаи Ҳолатҳои Фавқуллодаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки аз баромадан ба сафар худдорӣ намоянд ва ҷони худро дар хатар нагузоранд.

Мо дар Telegram