Бахшидани қарзи “Барқи тоҷик”аз тарафи ҳукумат

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 млрд сомонӣ қарзӣ ШСХК “Барқи тоҷик”-ро бахшид. Оиди ин хабар Сардори департаменти молиявии “Барқи тоҷик” Рустам Маҷидзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Гуфта шуд, ки ин маблағҳо дар тавозуни ширкат ба сифати саҳми ҳукумат боқӣ мемонад. Маблағҳо тибқи барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкат аз аэътибор соқит дониста шуданд.

Ширкати “Барқи тоҷик”, яке аз ширкатҳои муфлистарин ба ҳисоб меравад, ки ҳаҷми умумии қарзаш беш аз 2,6 млрд доллар мебошад. Аз вазорати молия 22 млрд сомонӣ, Сангтуда-1 1,6 млрд. сомонӣ, Сангтуда-2,2 млрд, МБГ “Душанбе-2” 123 миллион сомонӣ қарздоранд.Аз худи ширкат бошад 1,342 млрд сомонӣ аҳолӣ ва Талко 390 миллион сомонӣ қарздоранд.

Мо дар Telegram