Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Бохтар маҳфили «Рӯзноманигорони ҷавон» доир шуд

Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик аз рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки нахустшуморааш 11 марти соли 1912 бо ташаббуси Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким ба табъ расида буд, сарчашма мегирад. Ин рӯйдоди таърихиву фарҳангӣ сароғоз ва нахустин қадамҳои устувори матбуоти тоҷик буд. Яъне, 109 сол қабл «Бухорои Шариф» сарчашмаи асосии матбуоти миллӣ гардид. То ба имрўз матбуоти миллӣ рушду нумӯ карда, дар ғанигардонии маърифату ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллии мардум ва ободию пешрафти давлату миллатамон саҳми босазо гузоштааст.

Ин матлаб зимни маҳфили «Рӯзноманигорони ҷавон», ки 9 март  бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар  Донишгоҳи давлатии  Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид, баён шуд.  Дар он мудири кафедраи рӯзноманигорӣ Дилором Маҳкамова, мудири шуъбаи таҳлилию иттилоотии раиси вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода, собиқадорони соҳаи матбуот Туҳфа Аҳмадова ва Муҳаббат Мирзораҳимова, омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ иштирок намуданд.

Тавре аз Маркази таҳлилӣ-иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ Дилором Маҳкамова доир ба мақом ва мавқеи журналистика дар пойдории сулҳу субот ва рушду нумӯи соҳаҳои хоҷагии халқ ибрози андеша намуд. Туҳфа Аҳмадова ва Муҳаббат Мирзораҳимова оид ба масъалаҳои журналистикаи муосир иброз доштанд, ки «дар ин раванди пурталотуми иттилоотӣ моро зарур аст, ки бо риояи меъёрҳо ва сифати касбии журналистӣ фаъолият намоем».

Миёни меҳмонон ва аъзои маҳфили «Рӯзноманигорони ҷавон» мубодилаи афкор сурат гирифта, дар интиҳо ба се нафар донишҷӯён барои ҳамкории пайваста бо воситаҳои ахбори омма ифтихорнома тақдим карда шуд.

 

АМИТ  «Ховар»

Мо дар Telegram