БАЪДИ ШАБНАМИ СУРАЙЁ БА НОМИ ХОҲАРАШ ҲАМ ДУХИ ОМОДА КАРДАНД (АКС)

БАЪДИ ШАБНАМИ СУРАЙЁ БА НОМИ ХОҲАРАШ ҲАМ ДУХИ ОМОДА КАРДАНД (АКС)

Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавони тоҷик бо нашри як видео дар Инстаграм ва ТикТок хабар дод, ки атре, ки махсус бо номи ӯ сохта шудааст ва “Shady” (“Шейди”) ном дорад, ба бозор медарояд.
Атри “Shady by Farzona Khurshed” (“Атри соядор аз Фарзонаи Хуршед”), ба гуфтаи худи овозхон, дар Фаронса сохт хоҳад шуд.

Дар ин видео Фарзонаи Хуршед дар бораи бӯи ин атр чунин мегӯяд: “Ин як атри ноёфтанӣ бо  бӯи нотакрор аст. Ман, ки худам як духтари қавӣ ҳастам. Ин атр ҳам бӯи беҳад қавӣ дорад. Бӯи ором надорад”.

“Алҳамдулиллаҳ, атри ман дастраси мухлисон хоҳад шуд. “Shady by Farzona Khurshed”. Ин чӣ хушбахтист, ки ба номи ту дар Фаронса атр месозанд. Алҳамдулиллаҳ, ки ба ин рӯзҳо ҳам расондам Аллоҳ!”,  -навиштааст Фарзонаи Хуршед.

Ёдовар мешаем, ки соли 2020 Шабнами Сурайё, овозхони шинохта ва апаи калонии Фарзонаи Хуршед низ хабар дода буд, ки ба номаш атр сохтаанд. Нархи як шиша атри “Shabnam Surayo”  89 евро (беш аз 100 $)  муқаррар шуда буд ва гуфта мешуд, ки ин атрҳо дар Олмон сохта мешаванд.

Дар муаррифиномаи атри “Shabnam Surayo” гуфта мешуд, ки “атри “Shabnam Surayo” аз табиат илҳом гирифта, як намунаи назокати нодиданист. Рамзи камол ва гармония аст. Шабнами Сурайё бо роҳи омезиши зеботарин ашёи табиӣ атре сохтааст бепоёну дурахшон ва дар айни замон – моеъ ва сода.”

БАЪДИ ШАБНАМИ СУРАЙЁ БА НОМИ ХОҲАРАШ ҲАМ ДУХИ ОМОДА КАРДАНД (АКС)
Атри «Шабнами Сурайё»

Тоҷирон атри навро таҳти шиори «Дидор бо атри Шабнам” ба бозор дароварда буданд.

Фарзонаи Хуршед ва Шабнами Сурайё фарзандони овозхони шинохта Сурайёи Қосим буда, дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадаву дар ҳамонҷо ба воя расидаанд.  Шабнам аз оғози солҳои 2000 ва Фарзона чанд сол баъдтар вориди саҳнаи эстрадаи тоҷик шуда,  хеле зуд дар радифи овозхонҳои маъруфи кишвар ҷой гирифтанд.

БАЪДИ ШАБНАМИ СУРАЙЁ БА НОМИ ХОҲАРАШ ҲАМ ДУХИ ОМОДА КАРДАНД (АКС)
Сурайё Қоимова бо духтаронаш
Мо дар Telegram